Ҳадди ақал сад нафар дар ҳамлаи Толибони Покистон ба як мадраса кушта шуданд

  • 16 Декабр, 2014
Image copyrightReuters

Мақомҳои давлатии Покистон мегӯянд, ки ҳадди ақал104 нафар дар юриши нафароти Толибони Покистон ба як мадраса ба Пешовар дар шимоли ғарбии кишвар кушта шудаанд.

Ин мадраса тавассути артиши Покистон идора мешавад.

Омбулонсҳо дар маҳал ҳузур доранд ва беш аз бист донишомӯз ба бемористоне дар Пешовар мунтақил шудаанд.

Гуфта шуда, ки дар ҳангоми ҳамлаи афроди мусаллаҳи Толибон, наздик ба 500 донишомӯз дар ин мадраса ҳузур доштанд, аммо ба гуфтаи манобеъи расмӣ, аксари донишомӯзон аз мадраса тахлия шудаанд. Дар айни ҳол мушаххас нест, ки чанд теъдод аз онҳо гаравгон гирифта шудаанд.

Мақомҳои маҳаллӣ ба расонаҳо гуфтаанд, ки панҷ ё шаш пайкорҷӯ, ки унифурми нерӯҳои амниятии Покистонро бар тан доштанд, вориди мадраса шуданд ва сипас садои тирандозӣ ва инфиҷор дар маҳал шунида шуд.

Нафароти артиш ин минтақаро ба муҳосираи худ дароварданд.

Як сухангӯйи Толибон ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин ҳамла дар вокуниш ба амалиёти артиши Покистон алайҳи пайкорҷӯён ба иҷро гузошта шудааст.

Гуфт шуда, ки дар амалиёти ахири артиши Покистон алайҳи пайкорҷӯён дар Вазиристони Шимолӣ ва минтақаи Хайбари Пахтунхо садҳо нафар аз аъзои Толибон кушта шудаанд.

Image copyrightReuters

Як коргари мадраса ва як донишомӯз дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизиюнии Ҷеу Покистон гуфтаанд, ки муҳоҷимон ба солуни иҷтимоъоти мадраса ҳамла карданд. Дар замони ҳамла гурӯҳе аз мураббиёни низомӣ машғули омӯзиши кумакҳои имдодӣ ба донишомӯзон буданд.

Матолиби муртабит