Толибони Покистон сухангӯи худро ба далели байъат ба Доъиш барканор кард

  • 21 Октябр, 2014
Шаҳидуллоҳ ШаҳидImage copyrightBBC World Service
Image caption Шаҳидуллоҳ Шаҳид (нафари васат) то кунун сухангӯи аслии Толибони Покистон буд

Толибони Покистон мегӯяд, ки сухангӯи ин гурӯҳ ба далели байъат бо Доъиш барканор шудааст.

Шаҳидуллоҳ Шаҳид ахиран ба ҳамроҳи панҷ мақоми аршади толибони Покистон аз гурӯҳи Давлати исломӣ (Доъиш) ҳимоят карданд.

Толибони Покистон дар баёнияе, ки дар интернет мунташир шуда, номи аслии сухангӯи барканоршударо Шайх Мақбул эълом кардааст.

Толибони Покистон дар ин баёния бар табаъияти худ аз Мулло Умар, раҳбари Толибони Афғонистон таъкид кардааст.

Нозирон мегӯянд, ки ин ба маънои бурузи шикофҳои бештар дар Толибони Покистон аст.

Толибони Покистон ҳануз ҷонишини Шайх Мақбулро эълом накардааст.

Таҳлигарон мегӯянд, ки зуҳури гурӯҳи Давлати исломӣ чолише барои Толибон, Алқоъида ва сойири гурӯҳҳои пайкорҷӯст.

Матолиби муртабит