15 шӯришӣ дар амалиёти нерӯҳои амниятии афғон дар Бадахшон кушта шуданд

  • 28 Октябр, 2014
Image caption Бадахшон кӯҳистонӣ аст ва дастрасии нерӯҳои амниятӣ ба бархе аз манотиқи он ба далели саъбулубур будан, бо душвориҳо ҳамроҳ аст

Лаълмуҳаммад Аҳмадзай, сухангӯи пулиси вилояти Бадахшон дар шимоли шарқи Афғонистон, имрӯз ба расонаҳо гуфт, ки 15 шӯришии мухолифи давлат дар даргирӣ бо нерӯҳои амниятии афғон кушта шудаанд.

Ин даргирӣ дар вулусволии Вардуҷи вилояти Бадахшон рух додааст.

Оқои Аҳмадзай афзуд, ки дар миёни кушташудагон аҷсоди ду фармондеҳи машҳури шӯришиён ба номи Ҳумоюн ва Ҳиводмал ва ҳамин тур чандин тан аз аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон ва ҷангҷуёни чеченӣ дида мешавад.

Рӯзи гузашта масъулони маҳаллӣ дар вилояти Бадахшон эълом карданд, ки гурӯҳи Толибон ба чанд посгоҳи пулиси марзӣ ва пулиси назми оммаи Афғонистон ҳамла карда ва беш аз даҳ сарбози пулисро бо худ бурданд.

Ба гуфтаи ӯ амалиёти нерӯҳои амниятӣ барои раҳоии ин афрод идома дорад ва ҳалқаи муҳосира бар нерӯҳои шӯришӣ дар маҳалле, ки ин сарбозон нигаҳдорӣ мешаванд, тангтар шуда‌аст.

Қурбоналии Ҳамзӣ, хабарнигори Би-би-сӣ дар вилояти Бадахшон мегӯяд, ки мардум низ маҳали кушта шудани ин афродро таъйид карда ва гуфтаанд, ки аз дасти нерӯҳои шӯришӣ ба сутуҳ омадаанд.

Ба гуфтаи ӯ нерӯҳои шӯришӣ аз мардуми фақири маҳал ғизо мехоҳанд ва аз миёни ҷавонони онҳо сарбозгирӣ мекунанд.

Соли гузашта низ вулусволии Вардуҷи вилояти Бадахшон шоҳиди даргириҳои шадид миёни нерӯҳои амниятии афғон ва шӯришиён буд.

Вардуҷ ва вулусволиҳои ҳамҷавори он аз манотиқи истротежики вилояти Бадахшон ба шумор мераванд, ки ба сойири вилоятҳои нисбатан амни шимоли Афғонистон роҳ доранд. Бадахшон дар шимоли шарқи Афғонистон бо Покистон, Тоҷикистон ва Чин марзи муштарак дорад ва амният дар ин вилоят дар солҳои ахир густариш пайдо кардааст.

Матолиби муртабит