Мақомоти Бадахшон: Мардуми хашмгин муттаҳамон ба қатли як руҳониро куштанд

Мақомоти маҳаллии Бадахшон дар шимоли шарқи Афғонистон гуфтаанд, ки мардуми хашмгин дар вулусволии Роғистон ду марди муттаҳам ба қатли як руҳонии маҳаллиро дар боздоштгоҳи пулиси ин вулусволӣ куштаанд.
Аҳмад Навид Фурӯтан, сухангӯи волии Бадахшон гуфта, ки мавлавӣ Сибғатуллоҳ ду рӯз пеш дар роҳи бозори Роғистон ба хонааш тавассути ду марди мусаллаҳи мутурсиклетсавор кушта шуд.
Оқои Фурӯтан афзуд, ки дирӯз ду мард ба иттиҳоми қатли ӯ боздошт шуданд ва шомгоҳ мардум пас аз дафни ҷасади мавлавӣ ба фармондиҳии пулис рехтанд ва вориди боздоштгоҳ шуданд.
Ба гуфтаи сухангӯи волии Бадахшон муътаризони хашмгин муттаҳамонро бо бел, куланг ва чоқу куштанд.
Аммо Алӣ Азизӣ, мудири таҳқиқоти ҷиноии Бадахшон гуфт, ки мардум фурсати бозҷӯӣ аз муттаҳамонро надоданд ва он ду эътироф накарда буданд, ки масъули қатли мавлавӣ Сибғатуллоҳ буданд.
Вулусволии Роғистон дар шимоли шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшон минтақае нисбатан ноороме аст, ки дар он гурӯҳҳои шӯришии Толибон ва Ҳизби исломӣ ба раҳбарии Гулбиддин Ҳикматёр ҳам нуфуз доранд.
Ҳанӯз мушаххас нест ки муттаҳамон бо ин гурӯҳҳо иртибот доштанд ё на. Аз суи дигар пулиси Бадахшон мегӯяд, ки ангезаи қатли руҳонии мавриди назар ҳам рӯшан нест.
