24 маъмури пулиси Афғонистон аз асорати Толибон озод шуданд

  • 25 Май, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Ҳануз се фармондеҳи пулис дар асорати гурӯҳи Толибон ҳастанд

Дафтари волии Бадахшон мегӯяд, ки 24 нафар аз 27 маъмури пулисе, ки дар ҳамлаи се рӯз пеши гурӯҳи Толибон ба вулусволии Ямгон асир шуда буданд, раҳоӣ ёфтанд.

Гулмуҳаммади Бедор, муъовини волии Бадахшон ба Би-би-сӣ гуфт, ки амалиёти нерӯҳои вижаи артиш ва пулиси Афғонистон мунҷар ба поксозии комили вулусволӣ аз вуҷуди мухолифони мусаллаҳи давлат шуда ва ҳоло кунтрули кулли вулусволӣ дар дасти давлат аст.

Оқои Бедор ҳамчунин гуфт, ки дар идомаи талошҳо ба ҳадафи раҳоии сарбозони асир 24 тан аз онон бо пойдармиёнии бузургони маҳал ва ришсафедони вулусволиҳои Ямгон, Ҷурм, Карон ва Мунҷ аз асорати гурӯҳи Толибон раҳоӣ ёфтанд ва ба хонаҳои худ баргаштанд.

Муъовини волии Бадахшон афзуд, ки афроди раҳошуда сарбоз буданд, аммо 3 нафар аз фармондеҳони нерӯи пулис ҳануз дар чанги гурӯҳи Толибон ҳастанд.

Оқои Бедор бомдоди рӯзи ҷумъаи 2 ҷавзо/хурдод (23 май) ба Би-би-сӣ гуфта буд, ки Шурои амнияти миллии Афғонистон ба нерӯҳои вижа ҳафтоду ду соъат вақт дод, ки афроди гурӯҳи Толибонро аз ҳар се вулусволии ноамни Бадахшон берун кунанд.

Ҳоло бо гузашти ҳафтоду ду соъат ҷанг идома дорад ва ҳануз сарнавишти се фармондеҳи пулис рӯшан нест ва мақомҳои маҳаллӣ намедонанд, ки гурӯҳи Толибон ин фармондеҳони пулисро дар куҷо пинҳон кардаанд.

Бо ҳамлаи як ҳафтаи пеш гурӯҳи Толибон ба вулусволии Ямгони Бадахшон гузоришҳои зиду нақиз аз даст ба даст шудани маркази ин вулусволӣ байни давлати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон пахш шуд, ки баъдан пулис ва вазорати дохилаи Афғонистон афтодани маркази вулусволӣ ба дасти Толибонро таъйид карданд.

Image copyrightbadakshan
Image caption Вулусволии Ямгон дар ҳаштод килуметрии шаҳри Файзободи маркази Бадахшон аст

Ба дунболи ин рӯйдод фармондеҳи пулиси Бадахшон ба Би-би-сӣ гуфт, ки як гурӯҳи 27 нафарӣ аз маъмурони пулиси Афғонистон, ки дар як ғор паноҳ бурда буданд, ба гурӯҳи Толибон таслим шуданд. Мақомҳои маҳаллӣ гуфтаанд, ки Толибон мехостанд ин маъмуронро бикушанд, ки мудохилаи бузургони маҳал сабаб шуд маъмурони пулис ба асорат дар биёянд.

Амалиёти Бадахшон тавассути нерӯҳои амниятии Афғонистон, ки қарор аст то шаш моҳи дигар масъулияти амнияти кулли кишварро ба ӯҳда гиранд, раҳбарӣ ва мудирият мешавад. Нерӯҳои афғон ба далели баста будани роҳҳои заминӣ аз ҳаликуптери артиш истифода карданд ва амалиёти зиди Толибонро ба роҳ андохтанд.

Даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ то бист рӯзи дигар дар Афғонистон баргузор мешавад ва озмуни бузурге интизории нерӯҳои амниятии Афғонистонро мекашад.

Дар даври аввали интихобот 953 маркази раъйгирӣ ба далели мушкилоти амниятӣ ва дар мавориде иқлимӣ ғайрифаъол монд. Теъдоде аз ин марокиз дар вилояти Бадахшон буд, ки ҳам дучори мушкилоти иқлимӣ аст ва ҳам бо мушкилоти амниятӣ рӯбарӯ аст.

Вилояти Бадахшон бо Покистон, Чин ва Тоҷикистон дар шимоли шарқи Афғонистон ҳаммарз аст. Ҷангалҳои Нуристон ва Кунар, ки бо қабоили Покистон наздик аст ва маҳали тараддуди ҷангҷуёни Толибон ва мухолифони мусаллаҳи давлат ба шумор меравад, аз роҳҳои нуфузи ҷангҷӯён ба Бадахшон унвон шудааст.

Матолиби муртабит