Толибон “узвият” дар кобинаи давлати ваҳдати миллиро рад кардаанд
Image copyrightAFPБи-би-сӣ дарёфтааст, ки гурӯҳи Толибон хости Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистонро мабнӣ бар иштирок дар кобинаи ваҳдати миллӣ рад кардааст.
Манобеъи наздик ба оқои Ашраф Ғанӣ ба Би-би-сӣ гуфтаанд, ки раиси ҷумҳури Афғонистон пешниҳоди вазоратҳои тавсеъаи деҳот, ва Вазорати ҳаҷ ва авқофро барои гурӯҳи Толибон карда буд.
Як манбаъи наздик ба раҳбарии гурӯҳи Толибон ба хабарнигори Би-би-сӣ гуфта, ки мувофиқатномаҳои амниятӣ, ки давлати ваҳдати миллӣ бо кишварҳои хориҷӣ имзо кардааст ва бар мабнои он, шуморе аз нерӯҳои хориҷӣ баъд аз 2014 дар Афғонистон боқӣ мемонанд, аз мавонеъи бузург бар сари роҳи музокироти сулҳ аст.
Гуфта мешавад музокироте ҳам барои таъйини волиҳои гурӯҳҳои Толибон дар вилоёти Нимруз, Қандаҳор ва Ҳилманд дар ҷараён аст.
Ин хабар дар ҳоле пахш мешавад, ки бо гузашти сад рӯз аз оғоз ба кори ҳукумати ваҳдати миллӣ, сарони давлат ҳануз муваффақ ба ташкили кобина нашудаанд.
Ахиран Шӯрои олии сулҳи Афғонистон дар мусоҳибае ихтисосӣ бо Би-би-сӣ гуфт, ки саҳмдиҳӣ ба гурӯҳи Толибон дар кобинаи давлати ваҳдати миллӣ далели таъхири муъаррифии кобина нест.
Маъсум Устонакзай, дабири Шӯрои олии сулҳ гуфт, ки баҳси гуфтугӯ бо мухолифони мусаллаҳи давлат масъалаи ҷудогона аст. Ӯ гуфт, ки ҳар замоне ки гурӯҳи Толибон бо давлати Афғонистоно ба тавофуқ расиданд, “он вақт дар назар гирифтани ҷо барои онҳо дар кобина кори осоне аст.”
Аз ҷумла хостаҳои дигари Толибон мавзуъи тағйир дар қонуни асосии Афғонистон, ва тазмини масунияти аъзои ин гурӯҳ қабл аз оғози музокирот бар сари иштирок дар давлати ваҳдати миллӣ аст.
Талошҳои сулҳ
Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон сулҳу амниятро аз авлавиятҳои кории давлаташ эълом карда буд.
Раиси ҷумҳурии Афғонистон баъд аз маросими тахлиф дар дувумин сафари хориҷиаш ба Чин озим шуд ва аз кумаки эҳтимолии оно кишвар ба раванди сулҳи Афғонистон истиқбол кард.
Оқои Ғанӣ дар посух ба хабарнигоре гуфт, ки Чин бо таваҷҷӯҳ ба равобити наздик бо Покистон метавонад дар овардани сулҳ дар Афғонистоно нақш бозӣ кунад.
Ӯ таъкид кард: “Чин аз унвони як шарики байналмиллалии Афғонистон бо масъулият амал мекунад ва Афғонистон аз гуфтугӯ истиқбол мекунад. Ба вижа ки Чин дӯстии дерина бо Покистон дорад ва мо аз нақши он кишвар (Чин) барои эҷоди сулҳ истифода мекунем.”
Ҳафтаи гузашта мақомҳои гурӯҳи Толибон рафтани ҳайъате аз ин гурӯҳ ба Чинро ба манзури сӯҳбат бо давлати Чин таъйид карданд.
