Муҳокимаи Толибони рус дар Омрико

  • 5 Ноябр, 2014
Image copyrightBBC World Service
Image caption Муттаҳам панҷ сол дар Багром зиндонӣ буд

Як афсари собиқи артиши Русия, ки иддаъо мешавад барои Толибон дар Афғонистон ҷангидааст, ба иттиҳомиоти теруристӣ дар додгоҳе дар Омрико ҳозир шудааст.

Ойрик Иглиз Ҳамидулин, ки тасаввур мешавад 55 сол дошта бошад, бо 12 мавриди иттиҳом, аз ҷумла талош барои қатли як шаҳрванди омрикоӣ рӯбарӯст.

Ӯ дар соли 2009 пас аз ҳамлае ба пулиси марзии Афғонистон ва нерӯҳои омрикоӣ боздошт шуд. Ӯ барои панҷ сол дар пойгоҳи ҳавоии Багром таҳти боздошт буд ва баъд ба Омрико мунтақил шуд.

Ӯ аввалин боздоштии низомӣ аст, ки аз Афғонистон ба Омрико мунтақил мешавад.

Оқои Ҳомидулин дар ҳоле ки дасту поҳояш бо занҷир баста ва таҳти муҳофизати шадид буд, дар додгоҳи федерол дар шаҳри Ричмунди Вирҷиниё ҳозир шуд.

Бар асоси иддаъонома ӯ дар даҳаи 1970 ва 1980 афсари артиши Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ дар Афғонистон буд.

Сипас дар Афғонистон монд ва баъдан ба Толибон пайваст

Ин иддаъонома ҳокист, ки ӯ се гурӯҳ аз шӯришиёнро дар ҳамлаи соли 2009 ба пулиси Афғонистон ва нерӯҳои омрикоӣ дар кампи Лилоз дар вилояти Хуст фармондеҳӣ мекард.

Гуфта мешавад ӯ шӯришиёни мусаллаҳ ба мусалсалҳои зиддиҳавоиро дар ҳамла ба чархболҳои артиши Омрико, ки ба ҳамлаи аввалия посух медоданд, ҳидоят мекард. Ҳамчунин гузориш мешавад, ки ӯ аз як мусалсал барои тирандозӣ ба сӯйи нерӯҳои омрикоӣ истифода кард.

Оқои Ҳомидулин дар ҷараёни аввалин ҳузур дар додгоҳ ҳарфи зиёде назад. Ҷаласаи баъдӣ қарор аст ҷумъа баргузор шавад.

Ӯ яке аз 13 пайкорҷӯе буд, ки мақомҳои омрикоӣ дар Афғонистон таҳти боздошт доштанд.

Вошингтун қасд дорад куллия боздоштиҳои боқимондаро то поёни моҳи декабр мунтақил кунад, замоне ки маъмурияти размии Ноту дар ин кишвар ба поён мерасад.

Матолиби муртабит