Боздошти ду сокини Хатлон ба занни узвият дар ҷунбиши Толибон

  • 24 Июн, 2014
Толибон
Image caption Тибқи гузоришҳо, атбоъи зиёде аз кишварҳои Осиёи Миёна ҳамроҳ бо шӯришиёни Толибон меҷанганд

Пулиси Тоҷикистон аз боздошти ду узви ҷунбиши Толибон дар вилояти Хатлон, дар ҷануби ин кишвар, хабар дод.

Тибқи иттилоъи сойти расмии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ин ду нафар дар ҷараёти як амалиёти иктишофӣ рӯзи 23-уми июн боздошт шудаанд ва феълан таҳқиқи парвандаи онҳо идома дорад.

Торнамои ин вазорат менависад: "Тошпулотов Умаралӣ, сокини ноҳияи Шаҳритус, ва Кулбашев Комилҷон, сокини ноҳияи Қубодиён, соли 2014-ум дар ҳудуди вилояти Вазиристони Шимолии Покистон дар таълимгоҳи махсуси динӣ аз шахсони номаълум таълими динӣ ва малакаи экстремистӣ (ифротгароӣ) гирифта, баъдан дар шаҳри Ливараи Покистон аз шахсони номаълум бо номҳои “Мустафо” ва “Ҳамидулло” даъвати ҷиҳодро ҳамчун фарз қабул намуда, қасам (байъат) ёд намуда, ба узвияти “Ҳаракати Толибон” пайвастанд."

Дар идомаи ин хабар омадааст: "Номбурдагон охирҳои моҳи майи соли 2014-ум аз марзи Покистон бо мақсади дар амалиётҳои ҷангӣ дар якҷоягӣ бо аъзои “Ҳаракати Толибон” ба муқобили қушунҳои ҳарбии Омрико, ки дар ҳудуди Афғонистон амалиётҳои зидди теруристӣ мегузаронанд, ба марзи Афғонистон ворид шудаанд."

Ба гуфтаи пулис, Умаралӣ Тошпулотов дар байни солҳои 2010 ва 2014 шаш маротиба дар қаламрави Афғонистон ҳамроҳ бо шӯришиёни Толибон дар амалиётҳои ҷангӣ алайҳи нерӯҳои омрикоӣ ширкат доштааст.

Дар Тоҷикистон фаъъолияти ҷунбиши Толибон ҳамроҳ бо даҳ созмон ва гурӯҳи ифротгарои дигар мамнӯъ эълом шудааст. Гузашта аз ин, ахиран порлумони Тоҷикистон бо ислоҳи қонуни кайфарии ин кишвар муҷозот барои мушорикат дар даргириҳо дар қаламрави кишварҳои дигарро сангинтар кард.

Пулис нагуфта, ки ин ду нафар аз чӣ роҳе вориди Покистон ва Афғонистон шудаанд. Вале вуҷуди марзи тӯлонӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон ва муроқибати заъиф дар бархе аз минтақаҳо имкон медиҳад, ки бархе афрод баосонӣ аз марз убур кунанд.

Аз сӯйи дигар, гузоришҳо ҳокист, ки дар даргириҳои байни шӯришиён ва нерӯҳои давлатии Афғонистон аз ҳар ду ҷониб теъдоди қобили мулоҳизае аз атбоъи тоҷик ширкат доранд.

Дар гузашта ёздаҳ тан аз атбоъи тоҷик ба занни мушорикат дар ин даргириҳо аз сӯйи низомиёни омрикоӣ боздошт ва ба зиндони Гуонтоному мунтақил шуда буданд.

Ахиран Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон, эълом кард, ки феълан ҳудуди 200 тан аз атбоъи тоҷик ба унвони "ҷиҳодӣ" дар бархе аз кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Афғонистон, Покистон ва Сурия ҳамроҳ бо шӯришиён меҷанганд.

Ширкати ҷавонони тоҷик дар даргириҳо дар ин кишварҳо мақомоти тоҷикро низ нигарон кардааст. Ба ин далел, чанд сол қабл давлати Тоҷикистон ба бозгардондани иҷбории ҷавонони тоҷик, ки дар мадориси мазҳабии кишварҳои исломӣ ба таври ғайрирасмӣ таҳсил мекунанд, иқдом кард.

Гуфта мешавад, ки то ҳол ҳудуди се ҳазор нафар аз ин гуна донишомӯзон ба ватан баргаштанд. Вале соҳибназарон мегӯянд, ки бештари ин афрод дубора ба кишварҳои исломӣ баргаштанд. Ин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки онҳо ба гурӯҳҳо ва созмонҳои ифротгаро бипайванданд.

Матолиби муртабит