Афзоиши мавориди узвияти ҷавонон дар гурӯҳҳои тундрав

  • 28 Октябр, 2013
Ҳукумати Қубодиён
Image caption Масъулони додситонӣ шомил шудани ҷавонони ноҳияи Қубодиён ба созмонҳои ғайриқонуниро ба бесаводии сиёсии ин ҷавонон рабт медиҳад

Додситони вилояти Хатлон мегӯяд, ки 15 нафар аз сокинони ҷавони ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон барои узвият дар гурӯҳҳои тундравӣ мазҳабӣ дар пайгарди қонунӣ қарор доранд.

Бино бар иттилоъи додситонӣ, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ, кормандони ниҳодҳои интизомӣ дар вилояти Хатлон 17 мавриди ҷурмро, ки дар онҳо нишонаҳое аз тундравӣ мушоҳида шудааст, ифшо кардаанд.

Дар ин муддат алайҳи 21 нафар аз сокинони ин вилоят дар робита ба ин даст доштани онҳо дар тундравии мазҳабӣ 12 парвандаи ҷиноӣ боз таҳқиқ шудааст.

Кормандони додситонӣ мегӯянд, ки аксари афроди боздоштшуда бар асоси моддаҳои 307, 187 ва 189 қисми 1-и қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне таблиғи ҳаракатҳои мамнӯъ ва тундрав, таъсиси гурӯҳи ҷиноӣ ва барангехтани низоъи миллӣ ва мазҳабӣ муттаҳам шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки дар тӯли соли 2012 дар вилояти Хатлон 11 парвандаи ҷиноӣ алайҳи 30 нафар аз сокинон барои узвияти онҳо дар ҳаракатҳои тундрав таҳқиқ шуда буд.

Гуфта мешавад, ки бештари ҷавонон дар узвият ба Ҷумбиши Исломии Ӯзбакистон як созмоне, ки фаъъолияташ дар Осиёи Марказӣ мамнӯъ аст, муттаҳам буданд.

Ҳамакнун Анвар Назаров, ёвари додситонии вилояти Хатлон мегӯяд, ки таҳқиқоти муқаддамотии ниҳоди онҳо мушаххас кардааст, ки ин 15 нафар аз ҷавононе, ки дар пайгарди қонунӣ қарор доштаанд, низ узви ин созмон будаанд.

Оқои Назаров мегӯяд, ки ин ҷавонон дар Русия ба гурӯҳҳои тундрав пайваста ва вай ба ин бовар аст, ки онҳо аз он кишвар ба Покистон сафар кардаанд.

Ба асоси иттилоъи расмӣ аксари ин ҷавонон аз ҷумлаи сокинони ӯзбактабори рустои Қизилнишони ноҳияи Қубодиён буда ва кормандони ниҳодҳои интизомӣ мегӯянд, ки онҳо ҳамсолони худ дар Тоҷикистонро барои пайвастан ба Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон даъват кардаанд.

Гузориш шудааст, ки Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон бунёди хилофати исломиро ҳадафи худ қарор дода ва дар феҳристи созмонҳои теруристии Осиёӣ Миёна сабт шудааст.

Оқои Назаров, ба Би-би-сӣ гуфт, ки таҳқиқотҳо ҳокист, ки як гурӯҳи дигаре аз ҷавони ноҳияи Қубодиён дар кишвари хориҷӣ ба сар бурда ва дар урдугоҳҳои терруристӣ тамрин мекунанд.

Оқои Назаров мегӯяд: “Ин ҷавонон дар як пойгоҳи низомии ғайриқонунӣ дар бархе аз кишварҳои хориҷӣ истифода аз аслиҳаи навинро ёд мегиранд.”

Image caption Оқои Назаров гуфт, ки масъулони додситонӣ бо мардуми рустои Қизилнишон мулоқотҳо анҷом дода ва ба онҳо хатари ношӣ аз пайвастан ба гурӯҳҳои тундравро шарҳ медиҳанд

Аммо масъулони додситонӣ ба манзури ворид накардани ихлол батаҳқиқоти парвандаҳо аз ифшои ҳуввияти ин ҷавонон худдорӣ карданд.

Аз сӯйи дигар, кормандони ниҳодҳои интизомӣ мегӯянд, ки аз телефонҳои ҳамроҳ ва сойтҳои бештари ҷавононе, ки аз рустои Қизилнишон соли гузашта ва имсол барои узвият дар созмонҳои тундрав боздошт карданд, наворҳое бо даъват ба “ҷиҳод” ва зарурати фаъъолият дар Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон кашф шудааст.

Гуфта мешавад, ки бештари муттаҳамон дар узвият ба ҶИӮ сокинони ӯзбактабори рустои Қизилнишони ҷамоъати Янгиули ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон будаанд.

Анвар Назаров гуфт, ки масъулони додситони вилояти Хатлон дар миёни мардуми рустои Қизилнишон мулоқотҳо анҷом дода ва ба онҳо хатари ношӣ аз пайвастан ба Ҷумбиши Исломии Ӯзбакистон ва ҷунбишҳои дигар мамнӯъро шарҳ додаанд.

Оқои Назаров шомил шудани ҷавонони ноҳияи Қубодиён ба созмонҳои ғайриқонуниро ба бесаводии сиёсии ин ҷавонон рабт медиҳад.

Аммо коршиносони маҳаллӣ далели аслии ин амрро дар бекорӣ, набуди тафреъгоҳҳои замонавӣ барои ҷавонон ва сатҳи паси омӯзишу парвариш дар макотиби ҳамагонӣ ва фақр дар аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон медонанд.

Матолиби муртабит