Пулиси Хатлон 30 тарафдори Худойбердиевро ҷустуҷӯ мекунад

Пулис дар ҷануби Тоҷикистон беш 30 нафар аз афроди мазнун дар ҳамдастӣ бо Маҳмуд Худоибердиев, сарҳанги шӯриширо, мавриди пайгарди қонунӣ қарор додааст.
Як масъули пулис дар вилояти Хатлон гуфт, ки ин афрод ба занни иртикоби ҷароиме сангин мавриди пайгард қарор гирифтаанд. Яке аз аҳдофи дигари ин амр таъмини амният дар остонаи интихобот аст.
Ҷамшед Нозимов, як масъули пулиси Хатлон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки бештари ин афрод аз ҷумлаи сокинони узбактабори вилояти Хатлон буда ва аксари онҳо сокинони шаҳри Қурғонтеппа, маркази вилоят, ва навоҳии Қубодиён ва Шаҳритус будаанд.
Бар асоси иттилоъи манобеъи расмӣ, 17 нафар аз тарафдорони оқои Худойбердиев аз ҷумлаи сокинони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз соли 2011 то ҳол довталабона ба ватан баргаштаанд ва давлат онҳоро афв кардааст.
Аз сӯйи дигар, оқои Нозимов гуфт афроди дигаре, ки дар пайгарди қонунӣ қарор доранд, дар сурати боздошт шудан дар додгоҳҳо муҳокима хоҳанд шуд.
Ҳамакнун барои тасреъи боздошти онҳо дар гузаргоҳҳо, фурӯдгоҳи шаҳри Қурғонтеппа ва дар назди шуъбаҳои пулиси шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аксҳое аз тарафдорони Маҳмуд Худойбердиев гузошта шуда ва дар зернависе аз онҳо аз сокинон даъват мешавад, ки дар сурати дидани ин афрод ба пулис хабар диҳанд.
Дар панҷ соли ахир ҳудуди 20 нафар аз тарафдорони оқои Худойбердиев, ки барои дидани наздиконашон ба таври сиррӣ вориди Тоҷикистон шудаанд, боздошт шудаанд.
Маҳмуд Худойбердиев дар соли 1998 бо теъдоде аз ҷонибдорони худ ҳамлае маргбор ба вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, анҷом дод ва ин ҳамла беш аз сад кушта бар ҷо гузошт.
Мақомоти тоҷик кишвари ҳамсояи Узбакистонро ба ҳимоят аз ин сарҳанги шӯришӣ ва ҳадастонаш муттаҳам кардаанд. Аммо мақомоти узбак аз ироаи иттилоъ дар ин маврид худдорӣ мекунанд.
Дар даҳ соли ахир дар Тоҷикистон ҳудуди сад нафар аз афроде боздошт ва равонаи зиндон шудаанд, ки гуфта мешавад бо Маҳмуд Худойбердиев ҳамдастӣ доштаанд.
Дар ҳамин ҳол, коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, ки баъд аз фирори Маҳмуд Худойбердиев аз Тоҷикистон пайвандони ӯ низ аз Тоҷикистон ба Узбакистон кӯч бастаанд.
Ҳоло манзили маскунии Маҳмуд Худойбердиев, ки хароб шудааст, ба маркази фурӯши масолеҳи сохтмонӣ табдил ёфтааст. Вале маълум нест, ки ин манзил ҳамчунон расман ба оқои Худойбердиев таъаллуқ дорад ё хайр.
