Пентогун иттилоъоти маҳрамонаи нерӯҳои амниятии Афғонистонро мунташир мекунад
Image copyrightВазорати дифоъи Омрико гуфтааст бахше аз иттилоъоти марбут ба нерӯҳои амниятии Афғонистонро, ки қаблан маҳрамона буд, дар ихтиёри умум қарор медиҳад.
Хабаргузории Руйтерз гузориш дода, ки ин тасмими Пентогун пас аз он иттихоз шудааст, ки Идораи Бозрасии Умумии Омрико дар умури Бозсозии Афғонистон (СИГОР) аз он чи ки пинҳонкории ғайримуваҷҷаҳи Пентогун дар мавриди нерӯҳои амниятии афғон хонд, интиқод карда буд.
Вазорати дифоъи Омрико қаблан гуфта буд агар иттилоъоти марбут ба нерӯҳои амниятии афғонро мунташир кунад, гурӯҳҳои шӯришии мухолифи давлат аз он баҳрабардорӣ хоҳанд кард ва интишори ин иттилоъот мумкин аст ҷони нерӯҳои амниятии афғонро ба хатар андозад.
Мақомҳои омрикоӣ ҳамчунин мегӯянд давлати Афғонистон аз онҳо хоста буд ҷузъиёти иттилоъоти марбут ба нерӯҳои амниятии ин кившарро дар ихтиёри умум қарор надиҳад.
Аммо ҳоло сухангӯйи СИГОР гуфтааст, ки вазорати дифоъи Омрико дар ин маврид таҷдиди назар карда ва бахши аъзами иттилоъотро дар ихтиёри СИГОР қарор дода ва феълан СИГОР машғули баррасии ин иттилоъот аст.
Як сухангӯйи артиши Омрико низ таъйид карда, ки ҳоло замони муносибе аст, ки бахши аъзами иттилоъоте, ки СИГОР хостори ғайримаҳрамона шудани он буд, дар ихтиёри умум қарор бигирад.
Вазорати дифоъи Омрико дар шаш соли гузашта ҳар чаҳор моҳ як бор ҷузъиёти масориф ва иттилоъоти марбут ба нерӯҳои Омрико дар Афғонистон, маъмурияти ин нерӯҳо ва вазъияти куллии нерӯҳои Афғонистонро ба СИГОР мефиристода, вале дар охирин чаҳормоҳаи 2014 Пентогун эълом кард, ки омор ва арқоми марбут ба нерӯҳояш дар Афғонистон ва иттилоъоти марбут ба вазъияти нерӯҳои амниятии афғон, ҷузъи иттилоъоти маҳрамона аст ва онро аб СИГОР нафиристод.
Женерол Ҷон Кемпел, фармондеҳи нерӯҳои омрикоӣ дар Афғонистон, гуфта буд бахше аз иттилоъот ба хотири ҳифозат аз нерӯҳои амниятии афғон бояд сиррӣ нигаҳошта мешуд.
Аммо СИГОР артиши Омрикоро муттаҳам ба маҳрум кардани омрикоиҳо аз дастрасӣ ба иттилоъоте карда буд, ки ба бовари СИГОР бидуни он иттилоъот, санҷиши мавқеъият ё адами муваффақияти барномаҳои Омрико дар Афғонистон имконпазир нест.
Женерол Кемпел мегӯяд пас аз тақозои СИГОР, артиши Омрико аснод ва мадорики марбут ба нерӯҳои амниятии афғонро муҷаддадан баррасӣ кард ва он чиро ки қобили интишор буд, аз табақабандии иттилоъоти маҳрамона хориҷ кард.
Иттилоъоте, ки қаблан тавассути низомиёни омрикоӣ маҳрамона хонда шуда буд, шомили мадорике марбут ба вазъияти нерӯи ҳавоии Афғонистон ва ҳамчунин тавоноии нерӯҳои амниятии афғон таҷҳизот ва васоили онҳо будааст.
СИГОР аз Пентогун пурсида буд, ки чи миқдор пулро дар арсаи саводомӯзии нерӯҳои афғон масраф кара ва нерӯҳои ҳавоии Афғонистон чи теъдод ҳавопаймо дар ихтиёр дорад.
Ҳанӯз маълум нест чи миқдор аз ин иттилоъот, ки қаблан маҳрамона хонда шуда буд, мунташир хоҳад шуд.
Маъмурияти нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ таҳти раҳбарии Омрико дар охири соли 2014 ба поён расид, вале ҳудуди 14 ҳазор тан аз низомиёни хориҷӣ, ки аксар омрикоӣ ҳастанд, дар Афғонистон боқӣ мондаанд. Маъмурияти аслии ин афрод омӯзиши нерӯҳои афғон аст.
Дар 13 соли гузашта Омрико беш аз 100 милиёрд дулор дар Афғонистон харҷ карда, ки 65 милиёрди он дар заминаи омӯзишу таҷҳизи нерӯҳои амниятии афғон ҳазина шудааст.
