Даргирии физикӣ дар севумин рӯзи баррасии кобинеи ҷадиди Афғонистон дар Маҷлис

  • 24 Январ, 2015
Image copyrightARG
Image caption Баррасии салоҳият номзади вазирон вориди севумин рӯзи худ шуд

Севумин рӯзи салоҳияти кобинеи давлати Ағонистон рӯзи шанбе (24 ноябр) ҳам монанди рӯзи дувум бо таниш оғоз шуд ва ин амр боъис шуд, то Абдурауф Иброҳимӣ, раиси Маҷлиси намояндагон, аз Халил Садиқ, номзади раёсати бонки марказии Афғонистон, бихоҳад то ҷаласаро тарк кунад.

Ин барнома, ки ба таври зинда тариқи телевизиюни миллии Афғонистон нашр мешуд, низ барои дақоиқе қатъ шуд.

Таниш замоне миёни аъзои Маҷлиси намояндагони Афғонистон афзоиш ёфт, ки теъдоде аз намояндагон ба тобеъити дугонаи оқои Садиқ эътироз карданд ва ин раванд боъиси афзоиши мушоҷараи лафзӣ миёни намояндагон шуд.

Маҷлиси намояндагони Афғонистон қаблан тасвиб карда буд ба вазирон, ки дорои ду тобеъият ҳастанд, иҷозаи вуруд ба толори маҷлисро нахоҳанд дод, вале ин тасвиб дар бораи руасои мустақилли ниҳодҳои давлатӣ сароҳат надорад, ки имрӯз намояндагон эътироз карданд, ки бояд барои тамомии афроди муъаррифишуда аз сӯйи раиси ҷумҳурӣ ин тасвиб умумият дода шавад.

Ба идомаи мушоҷараи лафзии Шакибо Ҳошмӣ, намояндаи мардуми Қандаҳор ва Лилмо Валӣ Ҳакимӣ, намояндаи мардуми вилояти Нангарҳор, бо ҳам ба даргирии физикӣ пардохтанд, ки нерӯҳои амниятии маҷлис вориди амал ва ҳар ду намояндаро аз маҷлис ихроҷ карданд.

Дар барномаи имрӯз Аклил Ҳакимӣ, номзади вазири молия ва Абдураҳмон Салоҳӣ, номзади вазири энержӣ ва об барномаҳои худро барои вазораташ эълом карданд.

Қарор буд, ки оқои Садиқ низ барномаи худро имрӯз эълом кунад, ки намояндагони маҷлис ба ӯ ин иҷозаро надод.

Ҷаласа баррасии салоҳияти номзади вазирон ҳанӯз идома дорад ва номзадҳои вазорати молия ва энержӣ ва об қарор аст, ки асри имрӯз ба суолоти намояндагон посух диҳанд.

Матолиби муртабит