Се донишҷӯи мусалмон дар Корулинои Шмолӣ ба зарби гулӯла кушта шуданд
Image copyrightBBC World ServiceМарде дар шаҳри Чапл Ҳил дар иёлати Корулинои Шимолии Омрико се донишҷӯи мусалмонро бо шиллики гулӯла куштааст.
Номи ин фард, ки Крейг Истефан Ҳикз эълом шуда, 46 сол дорад ва дар ҳоли ҳозир дар боздошти пулис ба сар мебарад.
Ҷасади ин се донишҷӯ рӯзи сешанбе дар опортумоне дар шаҳри Чапл Ҳил кашф шуд. Осори гулӯла дар сари ҳар се нафар дида шудааст.
Се фарде, ки тавассути ин мард кушта шудаанд, донишҷӯи донишгоҳи Корулинои Шимолӣ буданд ва ду нафар аз онҳо зан ва шавҳар буданд.
Крейг Истефан Ҳикз баъд аз он ки ин се нафарро кушт, дар муҳавватаи берунии донишгоҳ, худашро таслими пулис кард.
Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки Зиё Шодӣ Баракоти 23 сола донишҷӯи соли дувуми дандонпизишкӣ буд ва ҳамсараш Юсур Муҳаммад Абӯсолеҳаи 21 сола қарор буд аз поизи имсол дар ҳамин ришта дарс бихонад.
Ин ду декабри соли пеш издивоҷ карда буданд.
Зарон Муҳаммад Абусолеҳа, хоҳари Юсур Муҳаммад Абусолеҳа 19 сол дошт ва дар ҳамин донишгоҳ дарс мехонд.
Пулис ҳануз нагуфтааст, ки ангезаи оқои Ҳикз аз қатли ин се донишҷӯи мусалмон чӣ будааст.
Аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта мешавад бо таваҷҷуҳ ба ин ки се мақтул мусалмон будаанд, дини онҳо нақше дар ин қатл доштааст.
Дар ин шабакаҳо аз пӯшиши расонаии ин хабар дар сатҳи ҷаҳонӣ интиқод шуда ва мунтақидон гуфтаанд, ки расонаҳои байналмилалӣ аҳамияти кофӣ ба қатли ин се донишҷӯи мусалмон надодаанд.
