Тирандозӣ дар Нюурлеон 19 захмӣ барҷой гузошт

Тирандозӣ дар маросими бузургдошти Рӯзи модар дар шаҳри Нюурлеон воқеъ дар иёлати ҷанубии Луизинои Омрико дастикам 12 захмӣ барҷой гузоштааст.
Рунол Серпос, раиси пулиси Нюурлеон, ба хабарнигорон гуфтааст, ки чаҳор нафар аз маҷрӯҳон ба амали ҷарроҳӣ ниёз доранд.
Бинобар гузоришҳо, касе дар ин ҳамла кушта нашудааст.
Ба гуфтаи ин мақоми пулис, яке аз захмиҳо як духтари даҳсола аст, ки дучори ҷароҳати сатҳӣ шуд.
Ангезаи тирандозӣ рӯшан нест.
Пулис мегӯяд ду ё се мазнун ҳинни фирор аз саҳна дида шудаанд.
Бино бар гузоришҳо, ин воқеъа ҳудуди соъати дуи баъд аз зуҳр ба вақти маҳаллӣ рух дод.
Пулис мегӯяд, ки ҳудуди 200 нафар дар маҳал ҷамъ шуда буданд, ки тирандозӣ оғоз шуд
