Панҷ нафар дар тирандозии ҷануби Сиэтли Омрико кушта шуданд

Дар ҷараёни тирандозӣ дар як муҷтамаъи опортумонӣ дар ҷануби шаҳри Сиэтли Омрико панҷ нафар кушта шудаанд.
Пулис баъд аз ҷустуҷӯйи аввалия ибтидо аҷсоди як зан ва як мардро дар ду опортумони мухталиф пайдо кард. Ин ду нафар бар асари шиллики гулӯла кушта шуда буданд.
Сипас нерӯи пулис марди дигареро дар поркинги опортумон пайдо карданд, ки баъд аз ҳуҷуми пулис дар тирандозӣ кушта шуд. Мушаххас нест, ки оё ӯ бо гулӯлаи пулис кушта шуда аст ё на.
Ду марди дигар ҳам дар поркинги опортумон пайдо шуданд, дар ҳоле ки қаблан кушта шуда буданд.
Тирандозӣ дар як муҷтамаъи опортумонӣ иттифоқ афтод, ки дар шаҳри Федерол Уэй дар ҷануби Сиэтл дар иёлати Вашингтон воқеъ аст.
Кетӣ Шрок, сухангӯи пулис гуфта аст: "Баъд аз тамоси телефунии чанд шоҳид пулис ҳангоме ба маҳалли ҳодиса расид, ки тирандозиҳои зиёде иттифоқ афтода буд."
Гуфта мешавад, ки тирандозӣ соъати 21:30 якшанбешаб ба вақти Сиэтл дар ғарби Омрико иттифоқ афтодааст.
Ҳанӯз далели тирандозӣ мушаххас нест.
Пулис гуфтааст, ки хона ба хона ба дунболи иттилоъоти бештар ва гуфтугӯ бо шоҳидони эҳтимолӣ аст, то далели ҳодисаро кашф кунад.
Пулиси Федерол Уэй дар иёлати Вошингтун гуфта аст, ки ба назар намеояд мазнунон ва тирандозони бештаре дар минтақа пароканда бошанд
