Пулис писарбачаи ҳомили силоҳи қуллобиро дар Кливленди Омрико кушт
Image copyrightGettyПулис дар як порки бозӣ дар шаҳри Кливленди Омрико як писарбачаи 12-солаи ҳомили ончиро, ки силоҳи қулобӣ аст, ба зарби гулӯла куштааст.
Вакили хонаводаи писари кушташуда мегӯяд онҳо таҳқиқоти мувозӣ бо пулисро дар бораи ин моҷаро шурӯъ хоҳанд кард ва агар мушаххас шавад, ки ҳуқуқи ин кӯдак нақз шуда, аз пулис шикоят хоҳанд кард.
Пулис мегӯяд, ки як маъмур пас аз он ки ин писарбача дастури ӯ барои боло гирифтани дастҳояшро нодида гирифта, ду гулӯла ба сӯйи ӯ шиллик кард.
Пештар як шаҳрванди оддӣ бо пулис тамос гирифта ва гузориш карда буд, ки писарбача бо ончи шабеҳи як силоҳи дастӣ аст, мардумро метарсонад, ҳарчанд гуфта буд мутмаъин нест, ки силоҳ воқеъӣ бошад.
Аммо Ҷеф Фулмер, раиси иттиҳодияи пулиси Кливленд, гуфт, ки ду афсар дар саҳнаи ҳодиса аз изҳороти ин шаҳрванд бехабар буданд.
Яке аз афсарони пулис аввалин соли маъмурият дар нерӯи пулиси маҳаллиро мегузаронд, аммо дигаре 10 сол собиқаи кор дошт.
Писарбача аз сӯйи пизишки қонунӣ ба увнони "Тамир Ройс" шиносоӣ шудааст.
Эд Тумбо Нойб, раиси пулиси Кливленд гуфт, ки писарбача баъд аз кашидани силоҳ аз камарбанди шалвораш ду бор ҳадаф қарор гирифт. Ӯ баъдан дар бемористон даргузашт.
Ӯ гуфт, ки писарбача маъмуронро таҳдиди лафзӣ накарда ва силоҳи асбоббозиро ба тарафи онҳо нишона нарафта буд.
Пулис гуфт, ки асбоббозӣ шабеҳи як пистули нимахудкор буд ва изофа кард, ки қитъаи норинҷиранги сари он, ки нишондиҳандаи қуллобӣ будани он аст, бардошта шуда буд.
Хабарнигори Би-би-сӣ дар Вошингтун мегӯяд, ки таҳқиқот дар ҷараён аст ва ҳар ду маъмур ба мураххасии идорӣ фиристода шудаанд.
Ӯ мегӯяд, ки аз қабл дархостҳое барои кунтрули силоҳҳои қуллобӣ матраҳ будааст ва як узви маҷлиси иёлатии Уҳою мегӯяд, ки қасди муъаррифии тарҳе барои фурӯши ин гуна асбоббозиҳо фақат дар рангҳои рӯшанро дорад.
Пулиси Кливленд дар солҳои ахир зери заррабин будааст, аз ҷумла ба хотири таъқибу гурезе дар соли 2012, ки дар он маъмурон 137 гулӯла шиллик кардаанд ва боиъиси марги ду нафар шуд.
