Тирандозии хунин дар пойгоҳи артиши Омрико дар Текзос

  • 3 Апрел, 2014
Image copyrightAP
Image caption Тасвири моҳвора аз Фурт Ҳуд дар Текзос, ки соли 2009 ҳамзамон бо куштори Молик Ҳасан мунташир шуд

Аз пойгоҳи низомии Фурт Ҳуди Тегзос гузориш шуда, ки бар асари тирандозӣ чаҳор низомӣ кушта ва 16 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Ин ҳамон пойгоҳе аст, ки дар соли 2009 як низомӣ ҳамқаторони худро ба рагбор баст ва 13 нафарро кушт ва 32 сарбози дигарро ҳам маҷрӯҳ кард.

Сарҳанг Ҷан Морк Мойлӣ, сухангӯйи подагони Фурт Ҳуд, дар соъоти поёнии рӯзи чаҳоршанбе (дувуми апрел) ба хабарнигорон гуфт то кунун нишонае ҳокӣ аз ин ки тирандозӣ решаи теруристӣ доштааст, ёфт нашудааст.

Сарҳанг Мойлӣ гуфт дар ҷараёни ин тирандозӣ чаҳор низомӣ, аз ҷумла фарди муҳоҷим кушта ва 16 нафари дигар ҳам захмӣ шудаанд

Ӯ гуфт ҳувияти фарди муҳоҷим шиносоӣ шуда, аммо ба далоили низомӣ ва риъояти ҳоли хонаводаҳои кушташудагон, аз ҷумла асомии фарди муҳоҷим феълан эълом намешавад.

Сарҳанг Мойлӣ ҳамчунин ба хабарнигорон гуфт муҳоҷим аз сарбозони омрикоии эъзомшуда ба Ироқ буда ва дар ҳангоми вуқӯъи ин тирандозӣ дар клиники подагон машғули мудово ва ташхис дар заминаи ихтилоли истрес пас аз ҳодиса будааст. Вай ҳамчунин гуфт фарди муҳоҷим аз афсурдагӣ ва изтироб ранҷ мебурдааст.

Бинобар изҳороти сухангӯйи подагони Фурт Ҳуд, фарди муҳоҷим бо шиллик ба худаш аз пой даромадааст.

Дар ҳамин ҳол, гузориш шудааст, ки маҷрӯҳони ин воқиъа дар ҳоле ба марокизи пизишкии ҳаволии пойгоҳи низомии Фурт Ҳуд мунтақил шудаанд, ки гулӯла гардан, шикам ва дасту пойи онҳоро шикофта буд

Бинобар гузоришҳо ин воқиъа дар маҳалли клиники дармонии дохили пойгоҳи низомии Фурт Ҳуд рӯй додааст.

Рӯзи чаҳоршанбе ибтидо гузориш шуд, ки дар подагони Фурт Ҳуд ҳушдори "паноҳ бигиред" мунташир шуда ва аз ҳазорон сарбози муҳими ин подагон хоста шуда, ки дар ҷое амн мавзеъ бигиранд.

Ҳамзамон пулиси Эф-би-ой ва пулиси маҳаллӣ ҳам гузориш карданд, ки дар ҷараёни ин тирандозӣ қарор гирифтаанд, аммо аз ҷузъиёти он хабар надоранд.

Соъате баъд Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, ки гуфта шуд аз лаҳазоти ибтидоӣ мухобираи хабар ба таври муназзам дар ҷараёни ҷузъиёти ин тирандозӣ қарор гирифта буда, дар баробари дурбини Кохи Сафед ҳозир шуд ва аз вуқӯъи ин ҳодиса ибрози таассуф кард.

Ӯ гуфт: "Мо ин воқиъаро бо диққат дунбол мекунем ва итминон медиҳам то интиҳо онро бо ҷиддият пайгирӣ кунем."

Бархе аз расонаҳои омрикоӣ номи тирандозро Ивон Лупез, 34-сола гузориш кардаанд, аммо ҳанӯз ҳеҷ манбаъи расмӣ дар бораи ҳувияти фарди муҳоҷим изҳори назар накардааст.

Дар соли 2009 Низол Молик Ҳасан, равонпизишк ва саргурди артиши Орико бо шиллик ба сарбозони мустақар дар Фурт Ҳуд 13 нафарро кушт ва 32 нафарро маҷрӯҳ кард.

Ӯ дар додгоҳи низомӣ ба ҳукуми эъдом маҳкум шуд ва акнун дар зиндоне низомӣ дар иёлати Конзос мунтазири иҷрои ҳукми эъдом аст ва ҳамзамон додгоҳи таҷдиди назар ба дархости расидагии муҷаддади ӯ мепардозад.

Оқои Молик Ҳасан дар додгоҳ пазируфта буд, ки ин корро ба манзури ҳифзи пайкорҷӯёни Толибон дар баробари сарбозони омрикоӣ анҷом додааст,