Донишомӯзе дар иёлати Неводои Омрико як муъаллимро кушт

Донишомӯзе дар як мадрасаи роҳнамоӣ дар иёлати Неводои Омрико бо шиллики тир як муъаллими мадрасаро кушт ва ду нафар аз ҳаммадрасаиҳояшро маҷрӯҳ кард.
Донишомӯзе, ки масъули ин ҳамла шинохта шуда, дар ин моҷаро кушта шудааст.
Пулис мегӯяд, ки ҳанӯз бо қотеъият наметавонад бигӯяд, ки ӯ бо тире аз туфанги худаш кушта шуда ё ин ки каси дигаре ба ӯ шиллик кардааст.
Бо ин ҳол, мақомҳои пулис мегӯянд, ки аз туфангҳои пулис ҳеҷ тире шиллик нашудааст.
Ин ҳодиса дар соъоти ҳафту понздаҳ дақиқаи субҳ ба вақти маҳаллӣ рух дод. Дуруст пеш аз он ки донишомӯзон ба клос бираванд.
Билофосила баъд аз ин ҳодиса донишомӯзони мадрасаи роҳнамоии Испрокс ва як мадрасаи ибтидоӣ, ки дар наздикии он буд, ба хонаҳояшон фиристода шуданд.
Яке аз донишомӯзон ба як расонаи маҳаллӣ гуфта, ки моҷаро дар замини баскетбол рӯй додааст.
Койл Нуком, донишомӯзи сенздаҳсола, гуфт, ки аввал фикр мекарда садои тарақа омадааст, аммо баъд дида, ки яке аз донишомӯзон туфангеро ба сӯйи яке аз муъаллимон нишона рафта, ки ба ӯ гуфта буд туфангашро замин бигузорад.
Койл изофа кард: "Баъд ӯ ба муъаллим шиллик кард ва ҳамаи мо шурӯъ кардем ба фирор кардан, ки дар ҳамон ҳол садои чаҳор-панҷ шиллики дигарро ҳам шунидем."
Пулис мегӯяд, ки 150 то 200 нафар аз нерӯҳои пулис барои кунтрули авзоъ ба маҳал омаданд.
Мақомҳои бемористонӣ мегӯянд, яке аз ду донишомӯзе, ки маҷрӯҳ шуда, ба утоқи амал фиристода шуда ва дигаре ҳолаш хуб аст.
Хабарнигори Оссушиэйтед пресс, ки дар маҳал аст, гузориш карда, ки модару падарҳо барои бадар бурдани фарзандонашон ба сӯйи мадраса ҳуҷум бурданд ва дидорҳо бо ашк ҳамроҳ буд.
Камтар аз як сол пеш дар мадрасаи Сенди Ҳук дар иёлати Конетикоти Омрико як нафар ворид шуд ва бист донишомӯзи дабистонӣ ва шаш нафари дигарро кушт ва сипас ба зиндагии худ хотима дод.
Баъд аз он ҳодиса дар Омрико талошҳои бисёре барои вазъи қавонини бештар барои хариди силоҳ шуд, ки албатта ба натиҷа нарасид.
