Панҷ кушта дар тирандозӣ дар донишгоҳи Санто Моникои Колифорниё

  • 8 Июн, 2013
Image caption Мазнун дар наздикии китобхонаи донишгоҳ дар тирандозии пулис кушта шуд

Пулис дар Колифорниё мегӯяд дар пайи тирандозӣ дар донишгоҳи Санто Моникои Колифорниё панҷ нафар бо шумули мазнун кушта шудаанд.

Қаблан пулис теъдоди куштушудагонро шаш нафар эълом карда буд.

Тибқи гузоришҳои расонаҳои Омрико мазнун дар пайи тирандозии пулис кушта шудааст.

Пулис мегӯяд мазнун дар ибтидо дар яке аз хонаҳои атрофи донишгоҳ ду нафар, падар ва бародарашро ба қатл расонда, савори як худрав шуда ва аз маҳал фарор кардааст.

Сипас вай ба ду нафари дигар дар масири донишгоҳи Санто Монико ва муҳавватаи донишгоҳ куштааст.

Шоҳидони айнӣ мегӯяд, тӣирандоз либоси тираранг ва ҷалиқаи зиддигулула ба тан дошта ва аз силоҳи нимахудкор истифода кардааст.

Вай вориди китобхонаи донишгоҳ шуда ва ба тарафи донишҷӯён оташ гушуда, аммо касе дар ин тирандозӣ захмӣ нашудааст.

Пулис сипас аз китобхонаи донишгоҳ бо мазнун даргир шуда ва ӯро куштааст.

Рудӣ Флурес, аз мақомҳои пулиси Колифорниё гуфт, ки шоҳидони айнӣ фардеро дидаанд, ки аз хиёбон ба худравҳо ва утубусҳо тирандозӣ мекунад.

Яке аз донишҷӯён низ мегӯяд, худраверо дидааст, ки баданаи он дар асари асобати гулула сурох ва шишаҳояш шикаста шуда буд.

Як сандалии кудак низ ба гуфтаи ӯ дар худрав дида мешуд. Пулиси Колифорниё акнун мазнуни дувумиро низ дастгир кардааст.

Раиси пулиси Колифорниё гуфт, ҳануз дар бораи он ки тирандоз ба танҳоӣ амал карда ва ё ҳамдаст доштааст, шубҳаҳое вуҷуд дорад.

Гуфта мешавад, ки аз се фарде, ки ба бумористон фиристода шуданд, яке аз онҳо даргузашта, дигар таҳти амали ҷарроҳӣ аст ва нафари сеюм дар шароити сангин ба сар мебарад.

Се нафари дигар барои ҷароҳоти сатҳӣ ба бемористон интиқол ёфтанд.

Ин донишгоҳ танҳо чанд сохтмон бо маконе фосила дорад, ки Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико дар он дар як маросими ҷамъоварии кумакҳои молӣ ширкат кард.

Нерӯи муҳофизатии Борок Убомо эълом кардааст, ки аз моҷаро муталеъ аст ва ин мавзӯъ таъсире бар барномаи раиси ҷумҳур нагузоштааст.

Донишгоҳи Сонто Монико давраҳои дарсии дусола ироа мекунад ва ҳудуди 34 ҳазор донишҷӯ дар он таҳсил мекунанд.

Матолиби муртабит