Тирандозӣ дар яке аз сохтмонҳои нерӯи дарёии Омрико 4 нафар кушта бар ҷой гузошт

Дастикам 4 нафар дар ҷараёни тирандозӣ дар дохили яке аз сохтмонҳои нерӯи дарёии Омрико дар Вошингтун кушта шуданд.
Гузоришҳо аз ҳузури се марди мусаллаҳ дар ин ҳодиса ҳикоят дорад.
Нерӯи дарёӣ аз эҳтимоли талафоте хабар дода, аммо ҷузъиёте дар ин маврид ироа накардааст.
Нерӯи дарёии Омрико таъйид карда, ки пулис дар ҷустуҷӯи зорибин вориди сохтмон шудааст.
Манобеъи хабарии маҳаллӣ аз маҷруҳ шудани ҳудуди 17 нафар хабар додаанд.
Гуфта шуда тақрибан се ҳазор нафар дар ин сохтмон кор мекунанд.
Аз коркунони ин муҷтамаъ хоста шуда то дар дохили сохтмон паноҳ бигиранд.
Дар ҳоли ҳозир даҳҳо омбулонс ба маҳал эъзом шудаанд ва ҳаликуптерҳо бар фарози ин сохтмон дар ҳоли таҷассус ҳастанд.
Нерӯи дарёии Омрико гуфтааст, ки гузоришоте аз тирандозӣ дар марокизи фармондеҳии системи дарёӣ дар ҷануби шарқи Вошингтун дарёфт кардааст.
Ба гузориши хабарнигори Би-би-сӣ дар пайи ин ҳодиса кулияи парвозҳо аз фурудгоҳи Рейган дар Вошингтун ба ҳоли таълиқ даромадааст.
