Кохи Сафед музокира бо Эрон барои тавофуқе даҳсоларо рад кард

  • 25 Феврал, 2015
Image copyrightAP

Кохи Сафед гузоришҳо дар бораи музокира бо Эрон барои расидан ба тавофуқи даҳсолаи атумиро рад кардааст.

Ҷош Эрнест, сухангӯи Кохи Сафед, рӯзи сешанбеи панҷуми исфанд (24 фервал) гуфт, ки музокира барои расидан ба тавофуқи атумӣ бар сари як бозаи даҳсола нодуруст аст.

Рӯзномаи омрикоии "Вол Истрит Журнол" пеш аз ин дар гузорише муддаъӣ шуда буд, ки Эрон ва Омрико дар ҳоли баррасӣ ва тафоҳум барои як бозаи замонии 10-сола ба унвони бахше аз тавофуқи ҷомеъи атумӣ ҳастанд.

"Ню-Юрк Тоймз" ҳам нивишт, ки пешниҳоди мазкур, ки Кохи Сафед онро такзиб мекунад, шомили маҳдудиятҳои ҷиддӣ дар барномаи атумии Эрон барои даҳ сол аст, аммо дар солҳои поёнии тавофуқ ин маҳдудиятҳо батадриҷ коҳиш хоҳад ёфт.

Гузориш ҳокист, ки Омрико ибтидо хостори эъмоли маҳдудиятҳое барои 20 сол бар барномаи атумии Эрон буд, аммо Эрон бар як давраи замонии кӯтоҳтар аз як даҳа таъкид мекард. Гузоришҳое, ки аз рӯзи душанбе мунташир шуд, ҳокист, ки ду тараф мумкин аст ҷое байни ин ду ба тавофуқ бирасанд.

Ҳадаф аз тавофуқи ҷомеъи атумӣ ҳаллу фасли ниҳоии парвандаи Эрон ва лағви таҳримҳо алайҳи ин кишвар дар баробари рафъи нигаронӣ аз моҳияти барномаи Эрон аст.

Соъоте пеш аз изҳороти сухангӯи Кохи Сафед, Ҷон Керӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, дар яке аз кумитеҳои Кунгреи Омрико гуфт, ки мухолифатҳо бо як тавофуқи билқувва беҷост, зеро аз сӯи касоне матраҳ мешавад, ки намедонанд тавофуқи ниҳоӣ чигуна хоҳад буд.

Ӯ хитоб ба мухолифони тавофуқи атумӣ бо Эрон гуфт: "Ҳанӯз ҳеч тавофуқе анҷом нашуда ва ман ҳушдор медиҳам, ки сабр кунед ва бибинед, ки натиҷаи ин музокирот чи хоҳад буд."

Оқои Керӣ гуфт: "Онҳо, ки мегӯянд тамоюле ба ин тавофуқ надоранд, асосан намедонанд, ки тавофуқ чист."

Вазири хориҷаи Омрико дар суханронияш гуфт, ки интизор дорад базудӣ мутталеъ шавад, ки оё Эрон омодаи пазируфтани як тавофуқи атумии қобили қабул ҳаст ё хайр.

Оқои Керӣ ҳамчунин истидлол кард, ки сиёсати барчидани кулли сонтрифюжҳои Эрон, ки мавриди ҳимояти давлати Исроил аст, муваффақ набудааст. Ӯ гуфт, ки ин сиёсат дар даврони риёсати ҷумҳурии Ҷурҷ Буш дунбол мешуд, аммо шумори сонтрифюжҳои насбшуда ва фаъъоли Эрон акнун шояд ба 19 ҳазор расида бошад.

Мақомҳои аршади Эрон ва Омрико рӯзи ҷумъаи гузашта ба муддати чаҳор рӯз вориди музокироти фишурдаи атумӣ шуданд. Ду рӯзи охири ин музокирот миёни вазирони умури хориҷи ду кишвар ва барои аввалин бор бо ҳузури раиси Созмони энержии атумии Эрон ва вазири энержии Омрико анҷом шуд.

Муҳаммад Ҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, гуфтааст, ки музокироти фаннии атумии Эрон ва Омрико "дар болотарин сатҳ" баргузор шуд ва "пешрафтҳои хубе дошта", аммо "ҳамчунон мавзӯъоте вуҷуд дорад, ки ҳафтаи оянда дар Женев пайгирӣ мешавад.

Эрон ва гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" авохири пойизи соли ҷорӣ тавофуқ карданд, ки музокиротро то поёни моҳи июн (нуҳуми тирмоҳи 1394) идома диҳанд, аммо ҳадди аксар то авохири моҳи март (авоили соли 1394-и хуршедӣ) ба даст ояд ва бақияи фурсат сарфи тавофуқ бар сари ҷузъиёт шавад.

'Ҳарчи дар тавон дорам'

Ҳамзамон Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил, як ҳафта пеш аз сафар ба Вошангтун барои суханронӣ дар Кунгреи Омрико гуфтааст, ки "ҳарчи дар тавон" дорад, барои ҷилавгирӣ аз тавофуқ миёни қудратҳо ва Эрон анҷом хоҳад дод.

Ӯ дар баёнияе гуфт: "Иттилоъоте, ки дар рӯзҳои ахир ба дасти ман расида, нигарониҳои мо дар бораи тавофуқеро, ки миёни қудратҳо ва Эрон дар ҳоли шакл гирифтан аст, комилан ташдид мекунад."

Ӯ гуфт: "Агар ин тавофуқ имзо шавад, ба Эрон иҷоза хоҳад дод дар остонаи бадал шудан ба як кишвари атумӣ қарор гирад."

Оқои Нетонёҳу изофа кард: "Ин вазифаи ман ба унвони нахуствазир аст, ки ҳарчи дар тавон дорам, барои ҷилавгирӣ аз ин тавофуқ анҷом диҳам. Дар натиҷа, ба Вошангтун хоҳам рафт... Зеро Кунгреи Омрико эҳтимолан охирин турмузи пеш аз ин тавофуқ хоҳад буд."

Барномаи суханронии ӯ дар Кунгреи Омрико, ки бидуни ҳамоҳангӣ бо Кохи Сафед барномарезӣ шуда, боъиси хашми давлати Убомо ва баъзе аз демукротҳои Кунгре шудааст.

Ӯ дар Исроил ҳам бо интиқодҳое мувоҷеҳ шудааст.

Айзок Ҳерзог, раҳбари мухолифони Исроил ҳам, ки барои интихоботи 17 март бо Нетонёҳу рақобат мекунад, дар интиқод аз суханронии ӯ дар Кунгре онро сиёсӣ хонд.

Ӯ гуфт, ки "ҳеч раҳбаре дар Исроил ҳаргиз Эрони атумиро нахоҳад пазируфт", аммо шеваи баёни нигарониҳои оқои Нетонёҳуро "барои манофеъи сиёсӣ" донист.

Аз сӯи дигар, дар рӯзи сешанбе Шӯрои муқовимати миллии Эрон (вобаста ба Созмони муҷоҳидини халқ), дар иддиъои тозае гуфт, ки Эрон махфиёна машғули анҷоми таҳқиқот ва ғанисозии урониюм бо истифода аз дастгоҳҳои пешрафта дар як маркази зерзаминӣ дар Лавизон дар ҳӯмаи шимоли шарқии Теҳрон будааст.

Ин гурӯҳ шавоҳиде дар таъйиди иддиъояш ироа накард, аммо гуфт, ки аз тариқи манобеъаш дар Эрон аз ин фаъъолиятҳо огоҳ шудааст.

Матолиби муртабит