Гурӯҳи Доъиш осори бостонии Ироқ дар музеи Мавсилро тахриб кард
Image copyrightAPГурӯҳи мавсум ба "Давлати исломӣ" (Доъиш) рӯзи панҷшанбе видеуе мунташир кард, ки амалиёти тахриби муҷассамаҳои бостонии Ироқро намоиш медиҳад.
Дар ин видеу, ки зоҳиран дар маҳалли музеи шаҳри Мавсил забт шудааст, нерӯҳои Доъиш бо путк ва дигар абзори тахриб дар ҳоли шикастани тандисҳои бостонӣ ҳастанд.
Гурӯҳи мавсум ба "Давлати исломӣ" ҳамчунин муҷассамаҳои бостонии дигареро дар бинои ёдбуди "Дарвозаи Ниргол" дар устони Найнаво тахриб кардааст.
Дар пайи интишори ин тасовири видеуӣ, созмони Юнеску хостори нишасти изтирории Шӯрои Амният шуда, то дар бораи ҳифозат аз мероси фарҳангии Ироқ баҳс шавад.
Ирино Букуво, раиси Юнеску, бо интишори баёнияе тахриби муҷассамаҳо ба дасти Доъишро "ҳамлае фаротар аз трожедии фарҳангӣ" донистааст: "Ин иқдом ҳамчунин як масъалаи амниятӣ аст, ки густариши фирқагароӣ ва бунёдгароии хушунатбор дар Ироқро тақвият мекунад."
Дар видеуе, ки Доъиш аз тариқи шабакаҳои иҷтимоъӣ мунташир карда, мардоне сиёҳпӯш муҷассамаҳои бостониро ба замин меандозанд ва бо путк онҳоро хурд мекунанд.
Дар яке аз тасовир марде сиҳёпӯш бо абзоре барқӣ тандиси гови болдори бозмонда аз тамаддуни ошурӣ ва мутаъаллиқ ба қарни нуҳуми қабл аз милодро аз байн мебарад.
Яке аз шибҳинизомиёни ҳозир дар видеу тахриби ин осори бостониро бар асоси боварҳои мазҳабияш тавҷеҳ карда ва онҳоро "бутҳои қаллобӣ" медонад.
Ба ақидаи коршиносон, муҷассамаҳои мавҷуд дар музеи Мавсил мунҳасир ба фард будаанд, ҳарчанд дар миёни онҳо бархе намунаҳои ноасл ҳам вуҷуд доштааст.
Ишон Фатҳӣ, устоди ироқии бостоншиносӣ, ки дар Урдун сукунат дорад, ба Хабаргузории Фаронса гуфтааст, ки тахриби ин ашёи бостонӣ "фуқдоне амиқ ва мисдоқи боризи терурисми фарҳангӣ аст."
Амир Ҷамилӣ, устоди Донишкадаи бостоншиносии Мавсил, ин амали тахрибкоронаро шуковар дониста ва гуфтааст: "Дигар наметавонем ба тамаддуни Мавсил муфтахир бошем."
Гурӯҳи Доъиш аз моҳи июни гузашта кунтрули Мавсил, дувумин шаҳри бузурги Ироқро дар даст дорад.
Ахиран нерӯҳои омрикоӣ эълом карданд, ки артиши Ироқ дар ҳоли омода шудан барои амалиёти бозпасгирии Мавсил дар моҳҳои отӣ аст.
Аз миёни ҳудуди 12 ҳазор маҳалли бостонӣ, ки дар Ироқ сабт шудаанд, ҳудуди 1800 маҳал дар минтақае ҳастанд, ки дар тасарруфи Доъиш аст.
Тахриби ин муҷассамаҳои бостонӣ чанд ҳафта пас аз он сурат мегирад, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" китобхонаи Мавсилро бо беш аз ҳашт ҳазор дастнивиштаи бостонӣ дар оташ сӯзонд.
