Пентогун: Ҷангандаҳои эронӣ дар шарқи Ироқ амалиёт анҷом додаанд
Image copyrightgetty imagesДарёдор Ҷон Кирбӣ, сухангӯйи Пентогун, мегӯяд шавоҳиде мабнӣ бар анҷоми амалиёти ҳавоӣ тавассути ҷангандаи Эф-4-и эронӣ дар шарқи Ироқ вуҷуд дорад ва Пентогун "далоиле барои такзиби чунин ҳамлаи ҳавоӣ тавассути Эрон алайҳи мавозеъи Доъиш дар даст надорад."
Рӯзи сешанбеи сеюми декабр бархе расонаҳо бо интишори видиюе, ки марбут ба чанд рӯзи гузашта аст, муддаъӣ шуданд ин тасовири ҳамлаи ҳавоии ҷангандаи эронӣ ба мавозеъи гурӯҳи Давлати Исломӣ (Доъиш) дар Ироқро нишон медиҳад.
Сухангӯйи вазорати дифоъи Омрико таъйид кард: "Шавоҳиде мабнӣ бар анҷоми амалиёти ҳавоӣ тавассути ҷетҳои ҷангандаи Эф-4 дар шарқи Ироқ (устони Диола) тайи чанд рӯзи гузашта вуҷуд дорад."
Ҷон Кирбӣ дар посух ба хабарнигорон гуфт: "Ман гузоришҳо дар ин робитаро дидаам. Мо мадорике мабнӣ бар воқеъӣ набудани ин гузоришҳо дар даст надорем. Аммо барои таъйиди расмии онҳо хабарнигорон бояд аз мақомҳои эронӣ суол кунанд."
Вай зимни таъйиди гузоришҳо дар ин робита вуҷуди ҳар гуна "ҳамоҳангӣ ва ё ҳамкории" муштарак миёни Эрон ва Омрико дар ин заминаро такзиб кард.
Эрон ҳанӯз расман ҳузури ҷангандаҳои худ дар осмони Ироқро таъйид ё такзиб накардааст.
Аммо Лус-Анжелес Тоймз ба нақл аз Ҳамидризо Тараққӣ, сиёсатмадори муҳофизакор дар Теҳрон, ки аз масоъили низомӣ муталеъ аст, навишт, ки чаҳор ҷангандаи эронӣ дар ҷараёни ҳамлае дар моҳи гузашта барои бозпасгирии ду шаҳри Саъдия ва Ҷалола дар устони Диола дар фосилаи ҳудуди 30 килуметр аз марзи Эрон ба мавозеъи Доъиш ҳамла карданд.
Ӯ гуфт: "Эрон ин ноҳияро як навори зарбагир медонад ва ҳеҷ гуна таҳдиди низомиро аз онҷо таҳаммул нахоҳад кард. "Ӯ изофа кард, ки мақомҳои ироқӣ аз "мо хостанд дар ин замина ҳарфе назанем."
Вебсойти хабарии Ҳофингтун Пуст рӯзи сешанбе дар хабаре ба нақл аз як мақоми низомии Омрико навишт: "Мо аз он (ҳамлаи ҳавоӣ) хабар дорем. Наметавонам бигӯям аз ин бобат нигаронем, аммо онро зери назар дорем."
Дар видиюе, ки нахустин бор Алҷазира мунташир карда буд ва як маҷаллаи тахассусии умури низомӣ дар Бритониё ва рӯзномаи исроилии "Ҳооротас" бо истинод ба он гузоришҳои худро мунташир кардаанд, ҳавопаймои ҷангандае дида мешавад, ки ҳеҷ кадом аз ин расонаҳо натавонистаанд орми низомии рӯи онро ташхис диҳанд, аммо муддаъианд аз он ҷо, ки ҷангандаҳои Эф-4 танҳо дар артишҳои Эрон ва Туркия ҳанӯз ба кор гирифта мешавад ва бо таваҷҷуҳ ба эъломи Туркия дар адами мушорикати ҷанг алайҳи Доъиш, "танҳо кишвари боқимонда" Эрон метавонад бошад.
Гузоришҳое ҳам, ки имрӯз муддаъии вуқӯъи чунин ҳамалоти ҳавоӣ аз сӯйи ҷангандаҳои эронӣ буданд, онҳоро дар осмони устони Диола (шимоли шарқ Ироқ) тавсиф кардаанд.
Агарчи ҳузури мушовире эронӣ дар мубориза алайҳи гурӯҳи давлати Исломӣ (Доъиш) дар Ироқ моҳҳост, ки ошкор шуда, аммо парвози ҷангандаҳои нерӯи ҳавоии ин кишвар дар осмони Ироқ ва дар ҳоле ки эътилофи зидди Доъиш ба раҳбарии Омрико дар ин кишвар рӯзона машғули ҳамалоти ҳавоӣ аст, мавзӯъе аст, ки дар сурати сиҳҳат тозагӣ дорад.
Теҳрон ва Вошингтун пештар таъйид кардаанд, ки дар ҷанг бо Доъиш бо ҳамдигар ҳамкорӣ намекунанд.
Хабаргузории Форс дар Эрон ба нақл аз сартип Масъуди Ҷазоирӣ , муъовини ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ, навишта, ки ӯ ҳар гуна "ҳамкории" Эрон бо эътилофи зидди Доъиш ба саркардагии Омрикоро такзиб кардааст.
