Резиши баҳман дар Бадахшони Афғонистон 12 кушта бар ҷой гузошт

  • 22 Феврал, 2015

Масъулони маҳаллӣ дар вилояти Бадахшон дар шимоли шарқи Афғонистон мегӯянд, ки дастикам 12 нафар дар асари барфкӯч ё баҳман дар ин вилоят аз байн рафтаанд.

Барфкӯч кӯч дар рустои Каҷлари вулусволии (ноҳияи) Роғистони ин вилоят фурӯд омада ва хисороти молӣ ҳам доштааст.

Абдуллоҳ Ҳумоюн, раиси мубориза бо ҳаводиси табиии Бадахшон ба Бибисӣ гуфт, ки ҳашт хона зери барф шуда ва сокинони маҳал талош мекунанд маҳалро поксозӣ кунанд.

Оқои Ҳумоюн мегӯяд мардуми маҳал ва осебдидагони ин барфкӯч ба кумаки фаврӣ ниёз доранд.

Бадахшон дар шимоли шарқ аз вилоятҳои кӯҳистони Афғонистон аст, ки зимистонҳои сахте дорад. Кумакрасонӣ ба осебдигаони русто ва вулусволиҳои ин вилоят ба далели роҳҳои душворгузар ҳамасола мушкилоте дар пай дорад.

Як ҳафтаи пеш низ резиши баҳман дар рустои Калафзори вулусволии Ямгони Бадахшон боиси мадфун шудани ҳудуди 20 хона шуд ва дастикам панҷ нафарро кушт.

Дар рӯйдоди ҳафтаи пеш низ ба далели набуди кумакҳои аввалия ва имдод мардуми маҳал худ гурӯҳи наҷот ташкил дода ва барои беруни овардани аҷсод аз зери барф даст ба кор шуданд.

Матолиби муртабит