Созмони "Оби умед" ҷоизи "Экватор2014"-ро ба худ ихтисос дод

  • 18 Феврал, 2015
Маросими эътои ҷоизаImage copyrightBBC World Service
Image caption Масъулони Барномаи Тавсеъаи Созмони Милали Муттаҳид дар ин маросим ҷоизаро эъто карданд

Созмони "Оби умед" аз Тоҷикистон аз ҷумлаи созмонҳои ғайридавлатиест, ки ҷоизаи мавсум ба "Экватор2014"-ро аз миёни беш аз 800 довталаб аз саросари ҷаҳон ба худ ихтисос додааст.

Ин созмон яке аз 25 созмони ғайридавлатӣ дар ҷаҳон аст, ки имсол масъулони Барномаи Тавсеъаи Созмони Милали Муттаҳид ҷоизаро ба раҳбарони онҳо супурдаанд.

Ин ҷоиза ҳамасола ба созмонҳои ғайридавлатии муваффақ дар беш аз 110 кишвари ҷаҳон эъто мешавад ва имсол яке аз созмонҳои ғайридавлатӣ, ки дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон фаъъолият мекунад, ба дарёфти ин ҷоиза муваффақ шудааст.

Маросими эътои ин ҷоиза баъд аз зуҳри рӯзи сешанбеи 17 феврал дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Бахтул Маҳмадғозиев, раиси ин созмон, бо изҳори хушнудӣ аз дарёфти ҷоиза мегӯяд, ки қарор аст дар оянда фаъъолиятҳои ин созмон тавсеъа ёбад. Аммо барои расидан ба ин ҳадаф онҳо ба кумакҳои молии бештаре ниёз доранд.

Оқои Маҳмадғозиев мегӯяд: "Ҳадаф аз фаъъолияти созмони мо мудирияти оби ошомиданӣ бо шеваҳои истифодаи муассир ва одилона аз манобеъи об аст. Мо аз об бо дарназардошти осеб нарасонидан ба муҳити зист истифода мекунем."

Ӯ мегӯяд, ки дар нахустин рӯзҳои фаъъолияти созмони "Оби умед" дар соли 2009 онҳо ҳамагӣ 16 хонаводаро таҳти пӯшиш қарор дода буданд, вале ҳоло ин созмон дар 9 рустои ноҳияи Шуғнон ва бо ҷалби беш аз як ҳазору 200 хонавода ба фаъъолияти худ идома медиҳад.

Вай афзуд: "Созмони омрикоии мавсум ба “Кристиан” бо фаъъолияти созмони мо ошно шуда ва ба ҳимояти молии созмони мо иқдом кард. Ҳамчунин, дар фаъъолиятамон мо бо созмонҳои дигар ҳамкорӣ мекунем."

Фаъъолияти аслии созмони “Оби умед” аз бозсозии конолҳо ва ҷӯйҳо ва тавзеъи об ба тамомии ҷамъияти беш аз сеҳазорнафарии рустоҳо дар ноҳияи Шуғнон иборат будааст.

Яке дигар аз фаъъолиятҳои созмон бо роҳи ҳашар таъмир кардани ҷӯйборҳо ва бунёди саддҳо барои ҷилавгирӣ аз обхезиву сел дар рустоҳо буда, ки аз бобоён ба мерос мондааст.

Масъулони ин созмон бо таваҷҷуҳ ба мушкили камбуди об барои обёрии мазореъ дар фасли тобистон фаъъолияти худро афзоиш медиҳанд. Зеро мушкили камбуди об барои обёрии мазореъ гаҳ-гоҳе мунҷар ба сар задани низоъҳо миёни сокинон дар ин минтақа мешавад.

Дар ин созмон се корманди доимӣ кор мекунанд ва ҳамасола мироб ва мирҷӯйҳо, ки кори аслии онҳо тавзеъи захоири об аст, ба таври демукротик аз сӯйи сокинони рустоҳо интихоб мешаванд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Маҳмадғозиев мегӯяд, ки ҳадафи аслӣ тавзеъи одилонаи оби ошомиданӣ миёни мардум аст

Мироб масъули аслии тавзеъи об буда ва мирҷӯйҳо дар рустоҳо истифодаи муассир аз обро танзим мекунанд. Ин шеваи фаъъолияти созмон аз таҷрубаҳои куҳани сокинони маскунӣ дар вилояти Бадахшон сарчашма мегирад.

Аммо раҳбари созмон мегӯяд, ки интиқоли оби ошомиданӣ ба манозили сокинон қарор аст ба шеваи мудерн, яъне бо бунёди лӯлаҳои обрасонӣ фароҳам шавад.

Ҳамчунин, созомни “Оби умед” истифода аз шуморандаҳои обро низ дар манозили масрафкунандагони об насб хоҳанд кард, то дар оянда бо пардохти маблағе мардум тавонанд фаъъолияти системи обрасонӣ дар рустоҳоро худкифо нигаҳ доранд.

Масъулони созмон мегӯянд, ки дар оянда ба ҷуз аз нуҳ русто дар деҳоти дигари ноҳияи Шуғнон низ фаъъолият хоҳанд кард.

Ҷоизаи "Экватор" барои созмонҳои ғайридавлатие, ки дар заминаи истифода муассир аз захоири табиъӣ, аз ҷумла оби ошомиданӣ ва беҳбудии вазъи муҳити зист фаъъолият доранд, эъто мешавад.

Дар соли 2012 ин ҷоизаро Муҳаббат Маҳмадалиева, раҳбари созмони мавсум ба “Зан ва замин” барои иқдомоташ дар заминаи ҷилавгирӣ аз олудашавии муҳити зист ба худ ихтисос дода буд.

Матолиби муртабит