Раҳбари ҷадиди намояндагии БУБТ дар Тоҷикистон муъаррифӣ шуд

  • 27 Январ, 2014
Ричард ҶоунсImage copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Ҷоунс гуфт, ки дар соли 2014 бонки онҳо истротежии ҷадиди худро барои Тоҷикистон оғоз хоҳад кард.

Намояндагии Бонки Урупоии Бозсозӣ ва Тавсеъа дар Тоҷикистон аз таъйини раиси ҷадиди ин намояндагӣ дар ин кишвар хабар дод.

Улфа Ҳиндстром, раҳбари қаблии ин намояндагӣ, рӯзи душанбеи 27 январ дар маросиме аз табдили дафтари кории намояндагӣ иттилоъ дод ва ҳамзамон Ричард Ҷоунсро ба увнони раҳбари ҷадиди он дар Тоҷикистон муъаррифӣ кард.

Оқои Ҳиндстром дар ин ҳамоиш гуфт, ки Бонки Урупоии Бозсозӣ ва Тавсеъа (БУБТ) дар тӯли фаъъолияти худ дар Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 400 милюн дулор ба бахшҳои мухталифи иқтисоди ин кишвар сармоягузорӣ кардааст.

Оқои Ҳиндстром афзуд: "Аммо агар мо маболиғеро, ки 6 ниҳоди мо ба унвони кумакҳои молӣ ба бахшҳои мухталифи ин кишвар ироа додем ва ё дар ҳамкорӣ бо сомзонҳои дигар барои пиёда кардани тарҳҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон масраф кардем, ба назар бигирем ин омор ба маротиб зиёд хоҳад буд."

Оқои Ҳиндстром раиси ҷадиди намояндагиро барои ҳозирин муъаррифӣ кард. Раҳбари қаблии намояндагии БУБТ ҳамчунин гуфт, ки авалавияти аслии фаъъолияти намояндагии онҳо дар Тоҷикистон дар бахши манобеъи об ва таъминоти он буда ва ин бонк дар ин замина ҷойгоҳи аввалро ба худ ихтисос медиҳад.

Вай афзуд: "Дар ҳоли ҳозир бонки мо ба беш аз 20 пружа дар ин замина сармоягузорӣ мекунад, ки беш аз як милюн нафар аз сокинони ин кишварро дар манотиқи шимол, ҷануб ва ғарбу виплояти Бадахшон фаро мегирад."

Ҳамчунин ин ниҳод дар сармоягузорӣ ба бахшҳои бозсозии роҳҳо, энержӣ, иртиботот, соҳибкории хурд ва системи бонкӣ низ саҳим будааст.

Ричард Ҷоунс, раиси ҷадиди ин намояндагӣ дар суханрониаш бар он таъкид дошт, ки дар соли 2014 бонки онҳо истротежии ҷадиди худро барои Тоҷикистон оғоз хоҳад кард.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Ҳиндстром раиси ҷадиди намояндагиро барои ҳозирин муъаррифӣ кард

Вай афзуд: "Раҳбарони аршади бонк ва саҳомдорони мо ниёзмандиҳои аслии Тоҷикистонро мутолеъа хоҳанд кард ва дар пайи он тарҳрезӣ хоҳанд кард, ки чи кумакҳое ва чи пружаҳоеро дар Тоҷикистон роҳандозӣ кунем. Ва ҳатман барои иҷрои ин истротежӣ бо мақомоти Тоҷикистон ҳамкорӣ хоҳем кард."

Бонки Урупоии Бозсозӣ ва Тавсеъа дар Тоҷикистон аз соли 1992 дар Тоҷикистон фаъъолияти худро оғоз кард, вале фаъъолияти расмии он дар ин кишвар дар соли 1997 сабт шуд. Ин бонк дар тӯлӣ беш аз 20 соли фаъъолият дар Тоҷикистон дар ин кишвар кӯмакҳо ироа карда ва барои беҳсозии фаъолияти ширкатҳои мухталиф дар арсаҳои гуногун, аз ҷумла кишоварзӣ вомҳо ихтисос додааст.

Иқтисоддонҳо нақши ин ниҳодро дар таъсиси ҷойҳои корӣ барои сокинон ва коҳиши мизони фақр дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кардаанд.

Матолиби муртабит