Бонки Ҷаҳонӣ хостори эҷоди машоғили бештар дар Урупо ва Осиёи Миёна шуд

Бонки Ҷаҳонӣ аз давлатҳои Урупо ва Осиёи Миёна хостааст, ки барои дастёбӣ ба пешрафти иқтисодӣ ва эҷоди машоғили бештар сиёсатҳои худро дар арсаҳои мухталиф иваз кунанд.
Ба гуфтаи коршиносони ин бонк, бо вуҷуди ислоҳоти анҷомшуда дар бисёре аз кишварҳои минтақаи Урупо ва Осиёи Марказӣ, нархи бекорӣ дар ин кишварҳо дар ҳоли афзоиш, вале эҷоди машоғил суст аст.
Бонки Ҷаҳонӣ ахиран пажӯҳишеро дар ин замина анҷом дода ва гузоришеро бо номи “Дубора ба маҳалли кор: Рушди ҳамроҳ бо машоғил дар Урупо ва Осиёи Марказӣ” мунташир кардааст.
Ин пажӯҳиши коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар даҳ кишвар, аз ҷумла панҷ кишвар дар минтақаи Урупо, чаҳор кишвар дар Осиёи Марказӣ ва як кишвар дар Қафқоз анҷом шудааст.
Дар гузориши ин бонк омада, ки машоғил (ҷойҳои корӣ) дар зиндагии мардум ва кишварҳои минтақа нақши марказӣ дорад. Ва дастрасии мардум ба машоғил яке аз аҳдофи калидии фаъъолияти Бонки Ҷаҳонӣ барои расидан ба дастовардҳои байналмилалӣ унвон мешавад.
Масъулони бонк гуфтаанд, ки буҳрони иқтисодии соли 2009 дар Урупо ва Осиёи Марказӣ асароти ҷиддие барҷо гузошта ва сатҳи иштиғол ва дастмузд дар ин кишварҳо ба таври қобили таваҷҷуҳе коҳиш ёфтааст. Аммо барои беҳбуд бахшидан ба ин вазъ иқдомоти қобили таваҷҷуҳе сурат нагирифтааст.
Дар гузориш оморе дар бораи таъмини машоғил барои сокинони кишварҳои минтақа дар солҳои 2012 ва 2013 зикр шуда, ки тибқи онҳо ҳамагӣ 59 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон машғули кор ҳастанд.
Русия, яке аз ҷамоҳири дигари собиқи шӯравӣ, низ бо Тоҷикистон омори мушобеҳе дошта ва аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон аз лиҳози таъмини машоғил ҷойгоҳи аввалро ба худ ихтисос додааст. Мизони таъмини машоғил дар ин кишвар 68 дарсад унвон шудааст.
Қирғизистон бо 61 дарсади ҷамъияти машғул ба кораш мақоми дувумро дар мантақа касб карда ва Узбакистон дар ҷойгоҳи охир аст. Бар асоси гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, 54 дарсади мардуми Узбакистон ҷойи кор доранд.
Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки аз 40 то 60 дарсади афроди бекор дар ин мамолик то як сол вақти худро сарфи ҷустуҷӯйи кори муносиб мекунанд.
Арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди таъмини машоғил бо музди арзанда дар ҳолест, ки маъоши ҳадди ақалли сокинон дар Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои дигари минтақа ночиз буда ва коршиносон ин омилро муҳиммтарин далели даст кашидани сокинон аз анвоъи мухталифи машоғил медонанд.
Бо таваҷҷуҳ ба гузориши ин бонк 41 дарсади сокинони қобили кор дар Тоҷикистон бекор будаанд ва тибқи дархостҳои Бонки Ҷаҳонӣ, мақомоти давлатӣ бояд барои таъмини ҷойҳои корӣ тадобире ҷиддӣ анҷои диҳанд.
Вале масъулони Ожонси таъмини машоғили Вазорати кор ва таъминоти иҷтимоъии Тоҷикистон омори бекорон дар ин кишварро андак медонанд.
Ниёзбек Қурбонов, раиси бахши бозори кор ва шуғли ин ожонс, рӯзи ҷумъаи 8 ноябр ба Би-би-сӣ гуфт: "Шумори афроди бекоре, ки расман дар ниҳоди мо сабт шудаанд, 56,6 ҳазор нафар аст, ки 2,5 дарсади сокинони Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Ин афрод аз кумакҳои давлат барои бекорон, аз ҷумла ҷубронпулӣ, имкони пайдо кардани машоғили доимӣ ва ё муваққатӣ, бархӯрдор ҳастанд."
Аммо ба гуфтаи оқои Қурбонов, дар Тоҷикистон афроде бекори зиёде низ ҳастанд, ки дар ниҳоди онҳо сабти ном нашудаанд. Бисёриҳо барои ҷустуҷӯйи кор ба Русия мераванд, ва онҳое ҳам, ки намераванд, худро дар Ожонси таъмини машоғил ба унвони бекор сабт намекунанд.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки иддае аз сокинон ба хотири собиқаи корӣ ва дарёфти маъоши бознишастагӣ расман дар муассиса ё корхонае дар Тоҷикистон чун коргар сабт шудаанд, ҳарчанд мумкин аст кор накунанд.
Бонки Ҷаҳонӣ ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, тавси карда, ки барои эҷоди машоғил дар бахши хусусӣ барои мардум шароити беҳтаре фароҳам созанд ва ба омӯзиши маҳоратҳои лозим барои коргарону корҷӯён кумаки худро дареғ надоранд.
Ин муассисаи молии байналмилалӣ ҳамчунин аз давлатҳо хоста, ки барои ташвиқи коргарон ба корёбӣ молиёт аз даромад ва молиёт барои ҳифзи иҷтимоъиро коҳиш бидиҳанд, бавижа барои онҳое, ки маъоши андаке дарёфт мекунанд.
Ин бонк ҳамчунин мегӯяд, ки аз миён бурдани мавонеъ дар заминаи корёбии занон, ақаллиятҳо, ҷавонон ва солмандон ва ҳамчунин рафъи маҳдудиятҳо дар заминаи кучу муҳоҷирати дохилӣ ба тавсеъаи бозори кор ва дар натиҷа, ба беҳбуди вазъи иқтисод ва зиндагии мардум кумак хоҳад кард.
