Истифодаи андак аз манофеъи фановарии иттилоъот дар Тоҷикистон

Маҷмаъи Ҷаҳонии Иқтисод дар дувоздаҳумин Гузориши Ҷаҳонии Фановарии Иттилоъоти ин ниҳоди байналмилалӣ ҳокӣ аз беҳбуди андаки Тоҷикистон дар заминаи истифода аз фановарии иттилоъот ва иртиботот шудааст.
Ин гузориш шомили шохиси солонаи Омодагии Шабакаии 144 кишвар буда ва Тоҷикистон имсол дар ин шохис дар радаи 112 ҷой гирифтааст, ки дар муқоиса ба соли гузашта ду пилла болост.
Бо ин вуҷуд беҳбуди андак, Тоҷикистон ҳамчунон дар миёни кишварҳое қарор дорад, ки камтарин ё "бадтарин" истифодаро аз фановарии иттилоъот ва иртиботот барои тавсеъаи иқтисодӣ мекардааст.
Паёми ин гузориш зери унвони "Тавсеъа ва Кор дар Ҷаҳони Иртиботи Интернетӣ" (Growth and Jobs in a Hyperconnected World)ин аст, ки "сиёсатҳо дар бархе аз кишварҳои дар ҳоли тавсеъа, сармоягузорӣ ба бахши фановарии иттилоъотро ба суди тавсеъаи иқтисодӣ истифода бурда наметавонанд."
Дар гузориши Маҷмаъи Ҷаҳонии Иқтисод мехонем, ки алорағми талоши даҳсолаи кишварҳо барои беҳбуди зерсохторҳои фановарии иттилоъот ва иртиботот дар кишварҳои дар ҳоли тавсеъа, фарқ дар заминаи кунтрули ин фановарӣ бо ҳадафи беҳбуди зиндагии мардум ва боло бурдани рақобатпазирии иқтисод хеле зиёд будааст.
Гузориш нишон медиҳад, иқтисодҳое ки натавонистаанд истротежии бродбанди миллиро пиёда кунанд бо хатари аз даст додани рақобатпазирӣ дар ҷаҳон ва фурсати фароҳам кардани имтиёзҳои иҷтимоъии ношӣ аз истифодаи муассир аз фановарии иттилоъот ва иртиботот рӯбарӯ ҳастанд.
Кишварҳое, ки дар даҳ радаи болотарини шохиси Омодагии Шабакаӣ 2013 қарор гирифтаанд,Финлонд, Сингопур, Суед, Ҳуланд, Норвеж, Суис, Бритониё, Денморк, Иёлоти Муттаҳида ва Чину Тойвон ҳастанд.
Қазоқистон аз миёни кишварҳои собиқ шӯравӣ беҳтарин оморро дар ин шохис нишон дода ва дар ҷойи 43 қарор гирифтааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 8 радда боло будааст.
Ин пажӯҳиш ҳокӣ шудааст, ки дар ду соли охир диҷитолсозӣ тавлидоти иқтисоди ҷаҳониро ба 193 милиёрд дулор расонда ва дар ин муддат ба хотири диҷитолсозӣ 6 милюн ҷойи кор таъсис шудааст.
