Тоҷикистон дар радаи 125-уми феҳристи кишварҳои шод дар ҷаҳон

Бо дархости Созмони Милали Муттаҳид "Гузориши шодии ҷаҳон" (World Happiness Report - 2013) таҳия ва чоп шудааст.
Дар феҳристи шодтарин кишварҳои ҷаҳони ин гузориш Тоҷикистон 82 зина поён рафта ва дар миёни 156 кишвари дунё дар зинаи 125-ум қарор гирифтааст.
Бино ба ин гузориш аз миёни кишварҳои шуравии собиқ дар Тоҷикистон ҳодӣ камтар будааст. Арманистон дар ин феҳрист дар радаи 128 ва Гурҷистон дар радаи 134 қарор дорад.
Аммо кишварҳои дигари минтақаи Осиёи Миёна тибқи ин гузориш бамаротиб кишвари шодтар аз Тоҷикистон арзёбӣ шудаанд.
Узбакистон дар ин феҳрист дар радаи 60-ум, Туркманистон дар радаи 59-ум ва Қазоқистон дар радаи 57 қарор дошта ва кишварҳои шодтар аз Русия ҳастанд, ки дар радаи 68-ум ҷой гирифт.
Бино ба гузориши "Гузориши шодии ҷаҳон-2013", Донморк, Норвеж, Суйис, Ҳуланд ва Суэд шодтарин кишварҳои ҷаҳон будаанд.
Пас аз ин кишварҳо, Конодо, Финлонд, Утриш, Ислонд ва Устролиё ҳастанд.
Даҳ кишвари дорои пойинтарин мизони шодӣ бино ба ин гузориш - Сенегол, Сурия, Ҷазоири Кумур, Гина, Тонзониё, Руонду, Бурундӣ, Офриқои Марказӣ, Бенин ва Тугу ҳастанд.
Гузориши мазкур ҳамасола бо арзёбии вазъи иҷтимоъӣ, иқтисодӣ ва сиёсии мардум, ба вижа "мизони тавлиди нохолиси миллӣ", "озодиҳои сиёсӣ", "системи таъмини иҷтимоӣ", "эътимод дар ҷомеъа", "мизони фасод" ва "саховат" таҳия мешавад.
Дар таҳияи ин гузориш коршиносон ҳамчунин аз назарсанҷии созмони "Глуб"-и Омрико истифода кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки дар солҳои қаблӣ Тоҷикстон дар феҳристи кишварҳои шоди ҷаҳон аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ шодтарин кишвари дар зинаи аввали рутбабандии шодтарин кишварҳои ҷаҳон қарор дошт.
Барои мисол дар соли 2006 Тоҷикистон дар зинаи 25-ум ва дар соли 2009 дар зинаи 34-ум ва дар соли 2012 дар зинаи 43-уми феҳристи шодтарин кишварҳои ҷаҳон қарор дошт.
