Кауши Басу: 'Тавсеъаи маъориф омили аслии коҳиши фақр аст'

  • 5 Апрел, 2013
Кауши Басу
Image caption Кауши Басу гуфт, ки ки фасод дар коҳиши сатҳи фақр мавонеъ эҷод мекунад.

Бонки Ҷаҳонӣ дар садад аст, сатҳи фақр дар сартосари ҷаҳонро дар 17 соли оянда 17 дарсад коҳиш бидиҳад.

Кауши Басу (Kaushik Basu), муъовини раиси бахши тавсеъаи иқтисодии Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи ин барномаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе суханронӣ кард.

Оқои Басу, рӯзи ҷумаъи 5 апрел дар суханронии худ гуфт, ки ҳоло 20 дарсади ҷамъияти кишварҳои мухталифи ҷаҳон зери хатти фақр ба сар мебаранд. Яъне беш аз як милёрду 400 милюн сокини ҷаҳон дар сатҳи камбизоъатии шидид қарор доранд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи оқои Басу дар 30 соли ахир сатҳи фақр дар ҷаҳон 20 дарсад коҳиш ёфтааст.

Оқои Басу дар мавриди фақр дар Тоҷикистон гуфт, ки тибқи иттилоъи расмӣ дар соли 2012 сатҳи фақр дар ин кишвар то ба ҳудуди 40 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ин мақоми Бонки Ҷаҳонӣ аз ин амр таъкид кард, ки фасод ва ришвахорӣ метавонад дар коҳиши сатҳи фақр мавонеъ эҷод кунад.

Ӯ гуфт ироаи иттилоъоти нодуруст дар мавриди пешрафтҳои иқтисодӣ ва сатҳи воқеъии зиндагии мардум метавонад дар роҳи тарҳрезии барномаҳои ҷаҳонӣ барои аз миён бурдани нобаробарии иҷтимоъӣ ихлол ворид кунад.

Оқои Басу тавсеъаи бахши маъориф дар кишварҳоро яке аз омилҳои аслии коҳиши сатҳи фақр дар ҷаҳон унвон кард.

Вай кӯдаконро осебпазиртарин қишри ҷомеъа хонда ва гуфт дар кишварҳои фақир кӯдакон ва ноболиғон ба хотири даромади ками хонавода водор ба кор мешаванд. Ӯ таъкид кард, ки дар чунин вазъият давлат бояд бо истифода аз кори кӯдак тавассути таъмини афроди мустаъид ба кор бо шуғл ва даромади кофӣ мубориза барад.

Ин мақоми Бонки Ҷаҳонӣ дар нишасти матбӯъотии кутоҳ дар Душанбе ба саволҳои хабарнигорон мабнӣ бар назараш аз мавзеъгирии Узбакистон дар қиболи бунёди нерӯгоҳи “Роғун” бо баҳонаи мутахассиси арсаи энержӣ набудани худ посух надод.

Нишасти оқои Басу ба хотири 20-умин солгарди оғози ҳамкориҳои миёни Бонки Ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон доир мешавад.

Бонки Ҷаҳонӣ аз соли 2012 то ҳол аз 14 тарҳ дар Тоҷикистон бо ҳазинаи 192 милюн дулор ҳимояти молӣ мекунад, ки аз ин маболиғ 35 дарсад ба бахши энержӣ, 31 дарсад ба бахши кишоварзӣ, 30 дарсад ба бахшҳои маъориф, беҳдошт ва таъмини иҷтимоъӣ ва чаҳор дарсад ба бахши давлатӣ ва сиёсатҳои иқтисодии давлат ихтисос ёфтааст.

Матолиби муртабит