“Маболиғи муҳоҷирон омили аслии қоҳиши фақр нест”

Як масъули Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон иддаъоҳо мабнӣ бар он, ки афзоиши интиқоли маболиғи муҳоҷирони кории тоҷик аз кишварҳои хориҷӣ дар коҳиши мизони фақр дар Тоҷикистон нақши калидӣ доштааст.
Умед Давлатзод, муъовини вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъаи 29 март, дар ҳошияи баррасии иҷрои Истротежии коҳиши мизони фақр дар Тоҷикистон бо бахши тоҷикии Би-би-сӣ сӯҳбат мекард, гуфт: “Мо инкор намекунем, ки аз ҳисоби интиқоли пул ба хешовандон саҳми муҳоҷирони корӣ дар коҳиши мизони фақр ҳаст, аммо ақидаи коҳиши аслии фақр аз ҳисоби муҳоҷирон аст, нодуруст аст.”
Ба гуфтаи оқои Давлатзод, 3 милёрду 600 милюн дулор сармояе, ки дар соли гузашта аз тариқи бонкҳо аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид шудааст, танҳо пули муҳоҷирони корӣ набуда, маболиғи судури меваю сабзиҷот ба Русия ва пули интиқолии тоҷикони муқими Русия ба наздикони худ аз ҷумлаи ин маблағ будааст.
Ӯ гуфт, масалан, дар соли гузашта аз Тоҷикистон ба Русия ба миқдори 160 ҳазор тун меваи хушк содир шудааст, арзиши он беш аз 1 милёрд дулор тахмин зада мешавад.
Муъовини вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба он ки тибқи қавонини ин кишвар маболиғи интиқолии муҳоҷирони кории тоҷик аз молиёт муоф аст, бештари тоҷирони тоҷик дар хориҷи кишвар пулҳои худро аз ин тариқ ба ватан интиқол медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, дар ҳамоиши баррасии натоиҷи Истротежии коҳиши мизони фақр дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 ва нукоти Истротежии ҷадид барои солҳои 2013-2015 таъкид шуд, давлати Тоҷикистон талош мекунад дар оянда аз тариқи рушди иқтисод, таъсиси корхонаҳои тавлидӣ ва эҷоди ҷойҳои кор ба коҳиши қобили мулоҳизаи мизони фақр дар кишвар муваффақ шавад.
Ба ин манзур дар Истротежии ҷадиди коҳиши мизони фақр тахсиси 17,1 милёрд сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Султоншо Ҳамидов, як масъули Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон гуфт, агар дар Истротежии коҳиши мизони фақр дар солҳои 2010-2012 танҳо 35 дар сади маболиғи тарҳҳои он аз буҷети давлати Тоҷикистон сармоягузорӣ шуда ва 65 дар сади дигар ба кумакҳои молӣ ё сармоягузории мустақими хориҷӣ марбут буд, дар санади ҷадид саҳми давлати ин кишвар барои маблағгузории тарҳҳо то 75 дар сад афзоиш ёфтааст.
Оқои Ҳамидов зимни арзёбӣ аз натоиҷи Истротежии коҳиши мизони фақр дар солҳои 2010-2012 гуфт, дар муддати ду сол мизони фақр дар кишвар то 7 дар сад коҳиш ёфта ва дар соли гузашта ба 38,3 дар сад баробар будааст.
Дар ҳамин ҳол, иқтисоддонҳо арқоми расмии давлати Тоҷикистон дар бораи мизони фақрро ғайривоқеъӣ хонда ва гуфтаанд, ки мизони воқеъии фақр дар Тоҷикистон болиғ ба 50 дар сад аст.
Зеро ба гуфтаи дуктур Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони мустақили тоҷик, мизони тавлидоти колоҳои санъатӣ дар Тоҷикистон ҳамасола коҳиш ёфта, мизони таваррум ва бекорӣ боло будааст.
Дар ҳоле ки тибқи муқаррарот ё ченакҳои Бонки Ҷаҳонӣ мизони даромад барои як нафар камтар аз 2 дулору 15 сент дар як рӯз бошад, ин фард фақир маҳсуб мешавад, афзоиши шадиди қимати маводди ғизоӣ дар бозорҳои Тоҷикистон дар солҳои ахир мумкин аст ба чигунагии мизони фақр дар ин кишвар асар гузошта бошад.
Умед Давлатзод, муъовини вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон дар ин маврид гуфт: “Барои мушаххас кардани мизони воқеъии фақр бояд хона ба хона гардем ва сатҳи расмии даромади мардумро баррасӣ кунем. Ин амал маболиғи ҳангуфтеро талаб мекунад.”
