Ифтитоҳи нахустин Маркази иттилоъоти эътиборӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон нахустин Маркази иттилоъоти эътиборӣ оғоз ба кор кард.
Ин хабарро мақомоти давлатӣ, масъулони бонкҳои умдаи Тоҷикистон ва намояндагони Муассисаи Молии Байналмилалӣ (IFC) бо баргузории нишасте хабарӣ дар Душанбе эълом карданд.
Дар ин нишаст, ки баъд аз зуҳри рӯзи чаҳоршанбеи 12-уми июн баргузор шуд, Муродалӣ Алимардон, раиси собиқи Бонки Миллӣ, ки ҳоло муъовинати нахуствазири Тоҷикистонро бар уҳда дорад ширкат дошт.
Оқои Алимардон гуфт ки Тоҷикистон ба фаъъолияти чунин як марказ, ки дар он додаҳои марбут ба таърихи кор бо эътибор ва вомгирии афроди ҷудогона ва ширкату ниҳодҳо ҳифз мешавад, ниёзи мубрам доштааст.
Ӯ гуфт Тоҷикистон пайваста бо сабаби набуди иттилоъоти дақиқ дар мавриди вомгирандаҳо бо мушкилоти мухталиф рӯбарӯ будааст. Вай гуфт, ки вуҷуди ин муассисаи хусусии иттилоъотии эътиборӣ ба ниҳодҳо ва афроде, ки мехоҳанд барои анҷоми тарҳҳо вом дарёфт кунанд муҳим аст.
Ӯ дар ин замина афзуд: "Адами иттилоъоти дақиқ мунҷар ба он шуд, ки Бонки Тавсеъаи Осиё ҳангоми сармоягузорӣ ба барномае тасмими нодуруст гирифт. Бинобарин мо бояд ин мушкилро дар Тоҷикистон бо роҳандозии чунин як дафтар ҳал кунем."
Масъулони нахустин Маркази итттилоъоти эътиборӣ гуфтанд ҳадафи фаъъолияти онҳо мусоъидат ба пешрафти иқтисод, бавижа бахши хусусӣ дар ин кишвар аст.
Вазифаи аслии ин марказ ҷамъоварии додаҳои шиносномаӣ ва вазъи молӣ ва таърихи эътиборгирии афроди ҷудогона ва ё ширкатҳо аст.
Муштариёни ин марказ бонкҳои машғул ба тахсиси вомҳо хоҳанд буд, ки бо дарёфти иттилоъот аз ин марказ дар бораи таърихи фаъъолияти эътибории дархосткунандагони вом дар бораи додан ё надодани вом ба ин ё он фарду ширкат тасмим мегиранд.
Яъне ин марказ дар ихтиёри масъулони бонкҳо иттилоъот дар мавриди зарфияти бозпардохти вомҳо аз сӯйи ширкатҳо, соҳибкорон ва афроди ҷудогонаро хоҳад гузошт.
Интизор меравад фаъъолияти нахустин маркази иттилоъоти эътиборӣ ба таври муассир аз тақаллубкорӣ ҳангоми дарёфти вомҳо ҷилавгирӣ кунад ва мизони хатароти нопойдории бозгардондани вомҳо ба бонкҳоро коҳиш диҳад.
Дар ин нишаст намояндагони созмонҳои байналмилалии саҳим дар роҳандозии ин марказ ширкат кардаанд. Аз ҷумла дар таъсиси ин ниҳоди ҷадиди иттилоъотӣ ва молӣ дар Тоҷикистон ба саҳми Ширкати Байналмилалии Молӣ ё IFC ва давлати Суис таъкид шудааст.
Бонки миллии Тоҷикистон муҷаввиз барои фаъъолияти Маркази хусусии иттилоъотии эътибориро дар соли 2012 ироа дода ва аз он замон масъулони ин марказ машғули омода кардани фанноварии марказ ва ҷамъоварии иттилоъот будааст.
То ҳол дар ихтиёри ин марказ 200 ҳазор парванда бо иттилоъоти дақиқи эътибории афроди ҷудогона ва ширкатҳои соҳибкорӣ ҷамъоварӣ шудааст.
Аммо масъулони ин марказ дар нишаст гуфтаанд, бо вуҷуди ин маркази ҷадид ҳанӯз ниёз ба дарёфти иттилоъоти бештар дорад ва дар ин замина бонкҳои собиқадор, ки солҳои тӯлонӣ машғули ироаи вомҳо дар Тоҷикистон будаанд, ба онҳо метавонанд кумак кунанд.
Ҳамчунин дар нишаст гуфта шуд, ки манбаъи аслии ҷамъоварии иттилоъот дар маркази ҷадид ба ҷуз аз бонкҳо ва ниҳодҳои вомӣ дар Тоҷикистон, ҳамчунин муассисоти молии ғайрибонкӣ, ширкатҳои иродиҳандаи кортҳои эътиборӣ ва хадамоти манозил хоҳанд буд.
