Тасвиби тарҳи беҳбуди обрасонӣ дар шаҳри Душанбе
Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон тарҳи муштараки ин кишвар ва Анҷумани Байналмилалии Тавсеъа барои беҳбуди вазъи обрасонӣ дар шаҳри Душанберо тасвиб кард.
Ин тарҳ идомаи тарҳи аввали обрасонии шаҳри Душанбе аст, бо ҳазинаи 24,5 милюн дулор аз соли 2002 то 2012 мавриди иҷро қарор гирифта буд.
Санаде, ки тоза тасвиб шуд, моҳи июли соли 2011 дар шаҳри Душанбе имзо шуда ва ҳазинаи ин тарҳ 19 милюн дулор аст. Аз ин маблағ 16 милюн дулор кумаки билоъивази Анҷумани Байналмилалии Тавсеъа, як ниҳоди вобаста ба Бонки Ҷаҳонӣ ва 3 милюн дулорро саҳми шаҳрдории Душанбе ташкил додааст.
Аъламхон Наимӣ, муъовини вазири молияи Тоҷикистон, ки рӯзи чаҳоршанбеи 8 январ нукоти ин тарҳро дар иҷлоси порлумон ташреҳ медод, гуфт, ки ин тарҳ ба манзури сохтмон, тармим ва бозсозии системи обрасонии шаҳри Душанбе ва беҳбуди фаъъолияти Корхонаи обу корези ин шаҳр роҳандозӣ шудаааст.
Оқои Наимӣ гуфт, аз ҷумла дар назар аст, ки дар чорчӯби ин тарҳ дар манозили сокинони Душанбе 76 ҳазор адад шуморандаҳо насб шуда ва тавассути насби филтерҳо дар системи обрасонӣ кайфитяи оби ошомиданӣ беҳтар шавад.
Феълан дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии молӣ барои таъмини оби ошомиданӣ барои сокинони кишвар 9 тарҳи муштараки сармоягузорӣ ба маблағи 620 милюн сомонӣ, аз ҷумла, 422 милюн сомонӣ кумаки билоъиваз, 176 милюн сомонӣ вом ва 22 милюн сомонӣ саҳми давлати Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудаанд.
Ҳамчунин, дар иҷлоси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мувофиқатномаи давлати Тоҷикистон бо Анҷумани байналмилалии рушд дар мавриди пуштибонӣ аз бахши хусусии Тоҷикистон тасвиб шуд.
Ин санад 8 июни соли 2012 дар шаҳри Душанбе имзо шуда ва анҷумани байналмилалии рушд барои он 10 милюн дулор кумаки билоиваз тахсис додааст.
Ҳадафи ин тарҳ боло бурдани рақобатпазирии бахши хусусии Тоҷикистон, сода кардани расмиятҳо барои фаъъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ, сабти номи корхонаҳо ва дарёфти муҷаввиз барои сохтмон унвон шудааст.
