Ҳушдори Гурӯҳи буҳрон аз зимистони "эътирозангез"

  • 29 Сентябр, 2014
Кризис групImage copyrighto
Image caption Коршиносони Crisis Group таъкид мекунанд, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд барои беҳбуди равобити кишварҳои Осиёи Миёна миёнҷигарӣ кунанд

Коршиноси Гурӯҳи буҳрон дар мақолае таҳти унвони "Норизоятии Осиёи Миёна дар зимистони соли ҷорӣ" ҳушдор дода, ки масоили ҳалношудаи обу барқ Қирғизистон ва Тоҷикистонро бо эътирози афзояндаи мардум рӯбарӯ хоҳад кард.

Ба бовари Диердир Тинон, коршиноси Гурӯҳи буҳрон "Донорҳое мисли Олмон, Суис ва Ҳуланд барои ҳалли мушкили деринаи об дар Осиёи Миёна милиюнҳо юру тахсис доданд, аммо Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон фурсати истифода аз ин кумакҳоро талаф додаанд."

Дар ин мақола мехонем, ки мушкилоти вобастба ба камбуди оби ошомиданӣ ва нерӯи барқ Қирғизистон ва Тоҷикистонро, бо задухурдҳои маҳдуди фаромарзӣ рӯбарӯ кардааст.

Ин гузориш меафзояд: "Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳарчанд ин ду кишвари дорои захоири фаровони об дар минтақа буда, зарфияти тавлидкунандагони барқи обии минтақаро доранд, зимистони соли ҷорӣ бо камбуди сахти энержӣ мувоҷеҳ хоҳанд буд."

Дар ин матлаби интиқодӣ аз сиёсатҳои кишварҳои Осиёи Миёна мехонем: "Дар Тоҷикистон одамони маъмулӣ бо се соъат барқ дар рӯз ба сар мебаранд, дар ҳоле, ки чароғҳои хонаҳои вилламонанди сиёсатмадорон ва нухбагони иқтисодӣ тамоми сол дурахшонанд. Нотавонии мақомот барои таъмини одитарин истондортҳои зиндагӣ, ғазаби мардумро меангезад."

Аммо Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати давлатии "Барқи тоҷик" рӯзи 29-уми сентябр дар сӯҳбат ба Би-би-сӣ дар вокуниш ба чунин пешбиниҳои коршиноси Гурӯҳи буҳрон гуфт, ки ин пешгӯиҳо асос надоранд.

Вай афзуд, ки ҳамасола вазъи таъмини сокинони кишвар бо барқ афзоиш ёфта ва дар муқоиса бо соли 2008 ҳоло дар Тоҷикистон ҷирабандии интиқоли нерӯи барқ ба сокинон 50% коҳиш ёфтааст.

Ӯ афзуд, ҳанӯз маълум нест, ки соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҷирабандии барқ кай оғоз мешавад вале афзуд: "Имруз системаи энергетикии кишвар омода нест, дар фасли зимистон аҳолиро сад дар сад бо барқ таъмин кунад, зеро об ягона захира аст ва дар зимистон ях мекунад."

Оқои Ёдгорӣ афзуд: "Масалан дар соли 2008 ҷирабандии барқ дар 5-уми сентябр оғорз шуда буд, аммо порсол 16 октябр. Яъне беҳтар шуда истодааст вазъ. Имсол муттахасисон ҳанӯз тасмим нагирифтанд, ки кай маҷрои обро бояд биданданд."

Бо ин вуҷуд Диердир Тинон, коршиноси Гурӯҳи буҳрон тавсия мекунад, ки кишварҳои Осиёи Миёна равобит ва ҳамкориҳои худро аз роҳи имзои мувофиқатномаҳои содаи минтақаӣ беҳтар кунанд.

Ӯ таъкид мекунад, ки ин Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон бояд раванди тақсимоти марзиро дар қаламравҳои худ, ки солҳост идома дорад, ташдид бахшанд.

Аммо ин коршиноси байналмиллалӣ таъкид мекунад, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои ёригар бояд дар ин роҳ миёнҷигарӣ кунанд.

Вай мегӯяд: "Ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд ҳамаи шеваҳоро дар ин росто ба кор бибарад ва заминаҳоро барои рифоҳи умумӣ дар минтақа бисозад, вагарна бадтар шудани вазъият метавонад ба даргириҳои мусаллаҳона мунҷар шавад."

Матолиби муртабит