Оғози бунёди дубораи роҳ дар минтақаи марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон
Image copyrightBBC World ServiceХабаргузориҳои Қирғизистон менависанд, ки бунёди роҳи Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ-Кишемиш дар илояти Боткан дубора аз сар гирифта шудааст.
Бино ба иттилоъи хабаргузории "24kg"-и Қирғизистон, Абдураҳмон Маматалиев, муъовини нахуствазири Қирғизистон ин матлабро, рӯзи чаҳоршанбеи 13 август дар мусоҳиба бо хабарнигори ин хабаргузорӣ изҳор кардааст.
Ин хабаргузорӣ аз қавли оқои Маматалиев менависад, ки ин тасмим дар пайи сафари яке аз намояндагони давлати Тоҷикистон дар умури марзӣ ба Қирғизистон, ки имрӯз сурат гирифтааст, иттихоз шудааст.
Оқои Мамадалиев афзудааст, ки бунёди пул дар ин қисмати роҳ низ оғоз ёфтааст ва ӯ гуфтааст: "Дар асл мо дар мавриди ин пружа бо Тоҷикистон ба тавофуқ расидем. Танҳо ҳалли мушкили мантақаи баҳсноки ин роҳ боқӣ мондааст, ки адр ин бора мо 10 июл бо ҷониби Тоҷикистон прутуклро ба имзо расондем. Аммо ба сабаби даргирии ахир дар марз, миёни марзбонон бунёди роҳ ба таъхир уфтод.”
Оқои Мамадалиев дар идома гуфтааст, ки ба ин далел ҷониби онҳо барои ду ҳафта вақфа гирифтаанд ва ӯ афзудааст: "Аммо ҷониби Тоҷикистон дар ин маврид сукут ихтиёр карданд ва танҳо имрӯз ба фаъъолият оғоз кардем."
Ин масъули давлати Қирғизистон увзоъ дар маврзи муштараки Тҷоикистону кишварашро дар ин минтақа ором арзёбӣ карда ва гуфтааст, ки тибқи мувофиқаи дуҷониба нерӯҳои изофӣ аз ду сӯй аз минтақаи марзӣ дар ноҳияи Исфара ва вилояти Ботканд хориҷ шудаанд.
Ҷумъабой Сангинов, муъовини аввали устондори Суғд, низ рӯзи чаҳоршанбеи 13 август дар суҳбат ба Би-би-сӣ гуфт, ки авзоъ дар Исфара ва Ворух ором буда ва мардум машғули фаъъолиятҳои рӯзмара ҳастанд.
Оқои Сангинов афзуд: "Тибқи қарордоди ду ҷониба таҳқиқоти ҳодисаи ахир дар марз идома дорад. Масоили дигаре дар ин минтақа таҳти назорати кумисиюни дуҷониба қарор доранд ва бар асоси созиши ду тараф эҳтимолияти мулоқоти дуҷониба дар оянда анҷом хоҳад шуд.”
Оқои Сангинов мегӯяд, ки рафту омади сокинони ҷамоъати Ворух ба маркази ноҳияи Исфара низ мушкил надоштааст.
Мақомҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мавриди бунёди роҳҳои утумубилрав ва ду пули иртиботӣ дар манотиқи марзии мавриди баҳс дар Исфара ва Бодканд ҳануз дар моҳи июли соли ҷорӣ ба тавофуқ расида буданд.
Бар асоси ин санад, ҷониби Қирғизистон роҳи утумубилрави масири Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ-Кишемиш ва ду пули иртиботӣ миёни рустоҳои Кулунду ва Маскати ин кишварро бунёд карда ва Тоҷикистон роҳи иртиботӣ миёни шаҳри Исфара ва рустои Ворухи Тоҷикистонро бунёд хоҳад кард.
Дар канори роҳи феълии Исфара-Ворух дар ин масир роҳи олтернотиве сохта хоҳад шуд, ки аз рустои Оқсойи Қирғизистон убур нахоҳад кард. Роҳе, ки ҳоло вуҷуд дорад, аз байни рустои Оқсойи Қирғизистон мегузарад ва ҳамвора танишҳое байни сокинони ду кишвар сурат мегирад.
Бино ба иттилоъи Вазорати нақлиёт ва иртибототи Қирғизистон, роҳи утумубилрав дар масири Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ дар моҳи апрели соли гузашта шурӯъ шуда ва ин амр ба ташаннуҷи авзоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон мунҷар шуда буд.
Имтидоди ин роҳ 7,1 килуметр буда, дар он ҷо 7 мошинолоти роҳсозӣ фаъъолият мекунанд. Ҳазинаи ин роҳ 41,8 милюн соми Қирғизистон ё ҳудуди 8 милюн дулор арзёбӣ мешавад.
Аз ҷумла, рӯзи 11 январи соли ҷорӣ дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон миёни марзбонони тоҷику қирғиз даргирие рух дода ва бар асари он 5 марзбони қирғизу 2 марзбони тоҷик захмӣ шуданд.
Ҳамчунин 10 июли соли ҷорӣ марзбонони қирғиз ба сӯйи сокинони рустои Ворух, ки машғули насби лӯлаҳои об буданд, аз силоҳи гарм оташ кушоданд, бар асари он 1 нафар кушта ва 10 нафари дигар захмӣ шуданд.
Даргирии ахир дар марзи муштараки Қирғизистон ва Тоҷикистон чаҳор рӯзи қабл дар минтақаи Ҷиргатоли ин марз рух дода ва бар асари он як шаҳрванди қирғиз кушта шуд.
Имтидоди марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон 970 килуметр буда, ба далели вуҷуди арозии баҳснок танҳо 567 килуметр ё 59 дарсад аз марзи муштарак таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.
