Даргирӣ дар минтақаи марзии Ҷиргатоли Тоҷикистон
Image copyrightBBC World ServiceДар минтақаи Ҷиргатоли марзи муштараки Тоҷикистон бо Қирғизистон тирандозӣ рух дода ва бар асари он як шаҳрванди қирғиз кушта шудааст.
Бино ба иттилоъи Идораи марзбонии Қирғизистон, асри шанбеи 9 август гурӯҳи марзбонони тоҷик дар наздики рустои Тупакул бо 3 тан аз афроди мусаллаҳ вориди даргирӣ шуда ва як нафарро аз по дароварда ва ду нафари дигарро дастгир кардаанд.
Ҷасади фарди кушташуда ба манзури муоинаи пизишкӣ ба ниҳодҳои бозрасии шаҳри Ӯши Қирғизистон таслим шудааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, дар маҳалли ҳодиса як туфанги қутраш 7,62 милиметрӣ бо 8 адад тир, як туфанги шикории “ТОЗ-8” ва як дурбини сохти хориҷӣ кашф ва мусодира шудааст.
Ин се нафари марзшикан сокинони ноҳияи Чон-Алайи вилояти Ӯш буда ва тибқи таҳқиқоти муқаддамотӣ ин афрод ба хотири шикор аз марзи Тоҷикистон убур кардаанд.
Идораи марзбонии Қирғизистон гуфтааст, дар назар аст, имрӯз душанбеи 11 август намояндагони нерӯҳои марзбонии манотиқи Ӯши Қирғизистон ва Ҷиргатоли Тоҷикистон дидор карда ва мавзӯъи бозрасии ин қазия ва бозгардондани ду шаҳрванди қирғизро баррасӣ кунанд.
Идораи марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон то ҳол дар мавриди ин ҳодиса ибрози назаре накардааст.
Ба гуфтаи коршиносон, дар солҳои ахир барои аввалин бор дар минтақаи Ҷиргатоли марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон даргирие рух дода ва талафоти ҷонӣ дар пай доштааст.
Мукарраран мухолифатҳо дар манотиқи марзии Исфараи Тоҷикистон ва Боткенти Қирғизистон иттифоқ афтода ва ин ҳаводис ба равобити миёни ин ду кишвар соя андохтааст.
Аз ҷумла, дар соли ҷорӣ дар ин манотиқи марзӣ миёни марзбонони тоҷику қирғиз ва сокинони ғайринизомии ин ду кишвар борҳо мухолифат ва даргириҳо рух додаанд.
Масалан, рӯзи 11 январи соли ҷорӣ дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон миёни марзбонони тоҷику қирғиз даргирие рух дода ва бар асари он 5 марзбони қирғизу 2 марзбони тоҷик захмӣ шуда буд.
Дар рӯзи 7 май дар минтақаи Жака Оруқи марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон миёни сокинони ин ду кишвар задухӯрд рух дода буд.
Ҷониби Қирғизистон аз ба оташ кашидани 2 истгоҳи маводди сӯхт, як фурӯшгоҳ ва 2 комюн ё мошини боркаши тамғаи “Камаз”-и сокинони ин кишвар аз сӯйи тазоҳургарони тоҷик хабар дода буд.
Бар асари задухӯрд 9 сокини Қирғизистон бо захмҳои мухталиф дар бемористон бистарӣ шуданд. Вазъи ду захмӣ вахим арзёбӣ шуда буд.
Ҷониби Тоҷикистон аз бистарӣ шудани 6 сокини ноҳияи Исфараи ин кишвар дар бемористон хабар дода буд.
Зӯҳри панҷшанбеи 10 июл марзбонони қирғиз ба сӯйи сокинони рустои Ворух, ки машғули насби лӯлаҳои об буданд, аз силоҳи гарм оташ кушоданд, бар асари он 1 нафар кушта ва 8 нафари дагар захмӣ шуданд.
Баъдан ду марзбони тоҷик, ки ба кумаки сокинони Ворух омада буданд, тавассути марзбонони қирғиз захмӣ шудаанд.
Ҷавониби Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро дар бурузи мухолифат ва тирандозӣ дар манотиқи марзӣ муттаҳам кардаанд.
Коршиносон мушаххас набудани хутути марзӣ ва вуҷуди манотиқи баҳснокро аз илали аслии бурузи мухолифатҳо дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон хондаанд, ки дар зарфи 20 соли истиқлолият мақомоти ин ду кишвар натавонистаанд дар заминаи таъйини хутути марз ба мувофиқа бирасанд.
Имтидоди марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 килуметр буда ва аз ин ҷумла танҳо 504 килуметри хатти марз таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.
Ҷониби Тоҷикистон зимни мушаххас сохтани марзи муштарак ба истифода аз нақшаи марзбандӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 1924 пойфишорӣ карда, аммо ҷониби Қирғизистон дар ин замина ба нақшаи соли 1989 авлавият қоил аст. Ба далели ин гуна ихтилофи назар раванди таъйини хутути марз тақрибан вориди бунбаст шудааст.
