Хайруллоев ба дидори хонаводаи сокини кушташудаи Ворух рафт

Шералӣ Хайруллоев, ёвари амниятии раисҷумҳури Тоҷикистон, бо шуморе аз мақомоти маҳаллӣ дар устони Суғд ба дидори аъзои хонаводаи Сафоиддин Шаропов, як сокини деҳаи Ворух, рафта, ки ду рӯз қабл аз сӯи марзбонони Қирғизистон кушта шуд.
Дар ин бора Ҷумъабой Сангинов, муъовини авали устондори Суғд, ба хабаргузории маҳаллии “ASIA-Plus” хабар дода ва гуфтааст, ки ин хонавода аз ҳимояти двлат бархурдор хоҳанд шуд.
Ин ҳодиса ба торихи 10 июл дар рустои Бедаки деҳистони Ворухи ноҳияи Исфара, дар марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон, ба вуқӯъ пайваст.
Ҷанозаи Сафоиддин Шарифови 36-сола, ки аз ӯ се фарзанд боқӣ мондаанд, рӯзи ҷумъа дар гӯристони деҳааш ба хок супурда шудааст.
Гуфтамешавад, ки ин шаҳрванди тоҷикро маъмурони марзбонии Қирғизистонбо шиллики гулӯла куштаанд.
Тирандозии онҳо ба сӯйи шуморе аз сокинони деҳаи Бедаки Тоҷикистон замоне сурат гирифта, ки онҳо дар мавзеъе наздик ба марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба бунёди хатти лӯлаи об машғул буданд.
Дар натиҷаи ин ҳодиса дастикам ҳашт тани дигар аз атбоъи тоҷик захмӣ шуда ва бо ҷароҳатҳои мухталиф ба бемористонҳои маҳаллӣ мунтақил шудаанд.
Аммо манобеъи маҳаллӣ мегӯянд, ки қурбониёни ин тирандозӣ метавонист бамаротиб бештар бошанд. Танҳо ба хотири кори фавқулъода сареъ ва ҳирфаии пизишкони бемористони маҳаллӣ аз хунрезии зиёди ду нафар аз сокинони деҳаи Бедак, ки яке аз ноҳияи ронаш ва дигарӣ аз ноҳияи камар ҷароҳат бардошта буданд, ҷилавгирӣ карда шуда ва ҷони онҳо аз марг наҷот ёфтааст.
Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир аҳволи тамоми захмишудагон ва он се нафари дигаре, ки дар бахши муроқибатҳои вижаи бемористони маҳаллӣ қарор доранд, беҳтар шудааст.
Пас аз тирандозии марзбонони қирғиз ба сӯйи афроди ғайринизомӣ ва бесилоҳи тоҷик, вазорати хориҷаи Тоҷикистон бо ирсоли ёддоште аз ҷониби Қирғизистон тавзеҳ хостааст. Дар посух ба ин, ҷониби Қирғизистон мақомоти тоҷикро ба шитобзадагӣ муттаҳам кардааст.
