Ворух-мантақае мунзавӣ дар Исфара

  • 19 Май, 2014
Image caption Ворух мантақае дуруфтода дар шимоли Тоҷикистон аст ва танҳо маконест, ки аз чаҳор су дар иҳотаи хоки кишвари дигар, яъне Қирғизистон қарор дорад

Ворух яке аз бузургтарин рустоҳо дар шимоли Тоҷикистон аст. Аммо аз шаҳри Исфара ба Ворух танҳо тавассути хоки Қирғизистон мешавад сафар кард. Ин амр беш аз 30 ҳазор сокини ин русторо дар шароити ногуворе қарор дода. Зеро ҳар бор ки таниш миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар манотиқи марзӣ шиддат бигирад, қирғизҳо роҳи мунтаҳӣ ба Ворухро масдуд мекунанд.

Дар пайи даргирии 7 май дар марз, қирғизҳо роҳи Ворухро бори дигар ба муддати се рӯз бастанд. Пас аз бозкушоии ин роҳ, барои мо имконе фароҳам шуд то ба Ворух сафар кунем.

Албатта дар гузашта борҳо ба Исфара рафта будам. Аммо боре ҳам имкони сафар ба рустои Ворухро надоштам.

Фосилаи байни маркази Исфара ва Ворух 45 килуметр аст. Ин роҳ имрӯзҳо каме хилват ба назар мерасад.Танишҳо дар марзи миёни ду кишвар рӯи тараддуд дар ин роҳ ҳам асар карда.

Ворух мантақае дуруфтода дар шимоли Тоҷикистон аст ва танҳо маконест, ки аз чаҳор су дар иҳотаи хоки кишвари дигар, яъне Қирғизистон қарор дорад. Чунин вазъияти ҷуғрофиёӣ дар солҳои ахир ҳассосиятҳо ва мушкилоти зиёдеро барои мардуми ин ҷо ба вуҷуд овардааст.

Image caption Оқои Маҳкамов мегӯяд: "Роҳи мо аз байни деҳаи Оқсойи Қирғизистон мегузарад, вақте онҳо роҳро мебанданд, мо роҳи дигари рафту омад надорем"

Мардуми Ворух,ки танҳо эксклов ё бурунбуми Тоҷикистон дар қаламрави Қирғизистон аст, умдатан кишоварзӣ мекунанд. Ба далели набуди фурсатҳои шуғлӣ, ҳар бошандаи шашуми Ворух, яъне панҷ ҳазор нафар ба Русия ва Қазоқистон муҳоҷират кардаанд.

Мардуми русто дар инзивоъ қарор доранд ва фақат бо убур аз мантақайе баҳсбарангез, ки Қирғизистон онро ҷузви қаламрави худ медонад, метавонанд ба қаламрави аслии Тоҷикистон рафту омад кунанд. Лоиқ Маҳкамов, раиси шурои деҳоти Ворухи Тоҷикистон мегӯяд:

"Роҳи мо аз байни деҳаи Оқсойи Қирғизистон мегузарад, вақте онҳо роҳро мебанданд, мо роҳи дигари рафту омад надорем. Ҳамон замине ки имрӯз деҳаи Оқсой аст ва мардуми қирғиз дар он зиндагӣ мекунанд, солҳои шӯравӣ, дар даҳаи ҳафтод аз тарафи Тоҷикистон барои истифодаи муваққат ба онҳо дода шуда буд. Лекин онҳо он ҷо сохтмон карданд ва деҳи бузурге бунёд карданд ва дигар намехоҳанд он маконро ба мо баргардонанд. Танҳо роҳи мо ба самти Тоҷикистон аз васати ин деҳа мегузарад."

Дар мавзеъи "Бедак" хонаводаи Хайрулло Шодиевро машғули кор дар мазраъашон дидем. Агарчи атрофашон кӯҳистони барфпуш аст, аммо ин ҷо аз об хабаре нест.

Нусратхон Шодиева, ҳамсари Хайрулло Шодиев аз камбуди об шикоят кард ва гуфт:

"Зиндагии мо аз роҳи зироъат, кишту кор ва меҳнат аст. Агар қирғизҳо об диҳанд, кишту кор мекунем, агар об надиҳанд, дар заминҳоямон кишту кор карда наметавонем. Ба умеди борон ҳастем."

Image caption Ҷӯрабой Яҳёев, сокини рустои Ворух нигарон аст, ки ҳатто барои ҳайвоноти аҳлӣ мушкил эҷод хоҳад шуд

Масъулони маҳаллӣ дар Ворух мехоҳанд ба ин ҷо ду хати об биёранд. Ин тарҳ тақрибан иҷро шуда ва танҳо ҳудуди яку ним килуметри дигар бояд лулакашӣ шавад. Аммо ба гуфтаи раиси шурои деҳоти Ворух, марзбонони қирғиз монеъи ин кор шудаанд.

Танишҳо дар марзи ду кишвар пойи садҳо раъс аз ҳайвоноти аҳлиро ҳам ба миён кашида.

Ҷӯрабой Яҳёев, сокини рустои Ворух гуфт, ки маҷбур аст дар ин рӯзҳои баҳорӣ говҳояшро дар замини назди хонааш нигаҳ дорад.

"Бародарони қирғиз имкон намедиҳанд, ки мо ҳайвоноти аҳлиамонро ба чарогоҳҳои наздик бубарем. Мо маҷбур ҳастем захираи хуроквориеро ки барои зимистон омода кардем, ҳоло ба чорвоямон бидиҳем. Намедонем, агар чунин ҳолат идома ёбад, дар фасли зимистон мо ба чорвои худамон чи медиҳем."

Барои коҳиши таниш ва ихтилофоти марзӣ созмонҳои иҷтимоъии ду кишвар ҳам даст ба кор шудаанд. Онҳо мардумро ба таҳамммул ва мадоро даъват мекунанд то робитаҳои гусаста миёни тоҷикҳо ва қирғизҳо дар ин минтақа дубора ба роҳ монда шавад.

Image caption Ғолиб Урунов, як фаъъоли маданӣ мегӯяд ихтилофоти марзӣ зеҳнияти мардуми ду тарафро тағйир додааст

Вале тағйир дар афкору андешаи мардуми ду суи марз дар пайи низоъҳои марзӣ, боъиси нигаронии масъулони созмонҳои иҷтимоъӣ ҳам шудааст. Ғолиб Урунов, мушовири созмони иҷтимоъии "Маркази дастгирии ҷамоъати Ворух" дар ин бора гуфт:

"Созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ омода ҳастанд ду тарафро бо сари як пиёла чой ва як дастархон бо ҳам бишинонанд, чунки менталитети мо мардуми шарқ чунин аст, ки сари як пиёла чой муносибатҳоро мешавад дигар кард. Вале мутаассифона имрӯз аҳолии маҳалл ва раҳбарони маҳалли ҳар ду тараф аз ин чиз ру гардондаанд. Ин як бадбахтии бузург аст."

Баҳси роҳу обу замин миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон даҳсолаҳост, ки вуҷуд дорад, аммо ҳеҷ гоҳ вазъият ба гунаи феълӣ ҳассос ва мураккаб набудааст. Ду кишвар ҳамдигарро дар ташаннуҷи авзоъ муттаҳам мекунанд.

Ҳар чи бошад, раҳбарони ин кишварҳо дар беш аз бист соли пас аз фурӯпошии шӯравӣ барои аз миён бурдани ихтилофоти марзиашон амалан кореро анҷом надодаанд. Ин амр ҳалли баҳсҳо ва иддаъоҳои марзиро душвортар карда.

Матолиби муртабит