Дидори ҳайъатҳои қирғизу тоҷик дар Ҷиргатол
Дар ноҳияи Ҷиргатол, дар шарқи Тоҷикистон, намояндагони нерӯҳои марзбонӣ, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ниҳодҳои интизомии Тоҷикистону Қирғизистон дидор кардаанд.
Гуфта мешавад, дар ин мулоқот вазъият дар марзи муштараки миёни ин ду кишвар ва ҳодисаи ахир дар манотиқи марзӣ баррасӣ шудааст.
Зимнан, бино ба иттилоъи Идораи марзбонии Қирғизистон, асри шанбеи 9 август гурӯҳи марзбонони тоҷик дар наздики рустои Тупакул дар марзи муштараки Тоҷикистон бо Қирғизистон бо 3 тан аз афроди мусаллаҳ вориди даргирӣ шуда ва як нафар аз по дароварда ва ду нафари дигарро дастгир кардаанд.
Ҷасади фарди кушташуда ба манзури муоинаи пизишкӣ ба ниҳодҳои бозрасии шаҳри Ӯши Қирғизистон таслим шудааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, дар маҳалли ҳодиса як туфанги қутраш 7,62 милиметрӣ бо 8 адад тир, як туфанги шикории “ТОЗ-8” ва як дурбини сохти хориҷӣ кашф ва мусодира шудааст.
Ин се нафари марзшикан сокинони ноҳияи Чон-Алайи вилояти Ӯш буда ва тибқи таҳқиқоти муқаддамтоӣ ин афрод ба хотири шикор аз марзи Тоҷикистон убур кардаанд.
Дар дидори ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар канори мавзӯъи бозрасии муштараки ин қазия ва масъалаи бозгардондани ду шаҳрванди қирғиз ба ватан низ матраҳ шудааст.
