Имзои прутукул дар Бишкек дар мавриди бунёди роҳҳои олтернотив

  • 27 Август, 2014
Роҳ дар ИсфараImage copyrightBBC World Service
Image caption Қарор аст, ки ҷониби Қирғизистон роҳи олтернотиве созад, ки аз рустои Тоҷикон убур накунад

Дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон, миёни намояндагони давлати Тоҷикистон ва он кишвар прутукуле дар бораи бунёди ҳамзамони роҳи Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ-Кишемиш ба имзо расидааст.

Ҷонибҳо ба тавофуқ расидаанд, ки ин роҳро бо таваҷҷуҳ ба масири инҳирофии он аз ду рустои марбут ба ду кишвар бунёд кунанд.

Қарор аст, ки ҷониби Қирғизистон роҳи олтернотиве созад, ки аз рустои Тоҷикон, ки дар қаламрави Тоҷикистон воқеъ аст, убур накунад. Ва ҳамин тавр, ҷониби Тоҷикистон дар канори роҳи феълии Исфара-Ворух дар ин масир роҳи олтернотиве хоҳад сохт, ки аз рустои Оқсойи Қирғизистон убур нахоҳад кард.

Шералӣ Ганҷалов, муъовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон, ки дар ҳайъати намояндагони давлати Тоҷикистон дар шаҳри Бишкек аст, мегӯяд, ки ин прутукул рӯзи сешанбеи 26 август ба имзо расидааст.

Оқои Ганҷалов ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин прутукул ба нафъи сокинони ҳар ду кишвар ба имзо расидааст.

Бунёди роҳи утумубилрав дар масири Куктош-Оқсой-Тамдиқ дар моҳи апрели соли гузашта шурӯъ шуда ва ин амр ба таниш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мунҷар шуда буд.

Имтидоди ин роҳ 7,1 килуметр буда, дар он ҷо ҳафт мошинолоти роҳсозӣ фаъъолият мекунанд. Ҳазинаи ин роҳ 41,8 милюн суми Қирғизистон ё ҳудуди ҳашт милюн дулор арзёбӣ мешавад.

Ҳайъати Тоҷикистон дар Бишкекро Муродалӣ Алимардон, муъовини нахуствазири Тоҷикистон, ва ҷониби Қирғизистонро Абдураҳмон Маматалиев, муъовини нахуствазири он кишвар, раҳбарӣ мекунанд. Ва прутукули ҷадид низ аз сӯйи раҳбарони ин ҳаъйатҳо ба имзо расидааст.

Дар ҳамин ҳол, ба нивиштаи хабаргузориҳои Қирғизистон, дар ҳамоиши ҳайъатҳои ду кишвар ҳамчунин даргирии рӯзи 25 август дар марзи муштараки ду кишвар низ баррасӣ шудааст.

Ба навиштаи хабаргузории “24kg”-и Қирғизистон, ду ҷониб ба тавофуқ расидаанд, ки кумисиюни муштаракеро барои расидагии воқеъӣ ва мунсифона ба даргириҳои соли ҷорӣ дар навоҳии марзии Тоҷикистону Қирғизистон таъсис диҳанд.

Баъд аз зуҳри рӯзи 25 август дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, воқеъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон, дар асари тирандозии марзбонони қирғиз ду нафар кушта ва панҷ нафар захмӣ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки яке аз афроди кушташуда сарвон Азаммат Азимов, як мақоми марзбонии Тоҷикистон дар ин минтақа, будааст.

Рӯзи гузашта Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар мавриди тирандозии марзбонони қирғиз дар ин минтақа 'эътирози қатъӣ' карда ва ба Бишкек ҳушдор дод, ки дар сурати такрори чунин ҳаводис барои дифоъ аз қаламрав ва сокинони хеш аз тамоми имконот, аз ҷумла нерӯ, истифода хоҳад кард.

Нооромиҳо дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон, дар шимоли Тоҷикистон, аз авоили соли ҷорӣ оғоз ёфтааст. Рӯзи 11 январ дар марзи муштараки ду кишвар дар Исфара миёни марзбонони тоҷику қирғиз даргирие рух дод, ки бар асари он панҷ марзбони қирғизу ду марзбони тоҷик захмӣ шуданд.

Ҳамчунин, 10 июли соли ҷорӣ марзбонони қирғиз ба сӯйи сокинони рустои Ворух, ки машғули насби лӯлаҳои об буданд, аз силоҳи гарм оташ гушоданд, ки бар асари он як нафар кушта ва 10 нафари дигар, аз ҷумла ду марзбони тоҷик, захмӣ шуданд.

Даргирии дигаре дар марзи муштараки Қирғизистон ва Тоҷикистон рӯзи 9 август дар минтақаи Ҷиргатоли ин кишвар рух дод, ки бар асари он як шаҳрванди қирғиз кушта шуд.

Имтидоди марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон 970 килуметр буда, ба далели вуҷуди арозии баҳснок танҳо 567 килуметр ё 59 дарсад аз ин марз таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.

Матолиби муртабит