Даргирии тоза дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 'ду кушта барҷо гузошт'

  • 26 Август, 2014
Марзи Тоҷикистон ва ҚирғизистонImage copyrightBBC World Service
Image caption Ба далели вуҷуди арозии баҳснок танҳо 567 килуметр ё 59 дарсад аз марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон таъйин ва аломатгузорӣ шудааст

Манобеъи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯянд, ки дар даргирии рӯзи гузашта дар марзи ин кишвар бо Қирғизистон дастикам ду нафар кушта ва панҷ нафар захмӣ шудаанд.

Гуфта мешавад яке аз кушташудагон як мақоми марзбонии Тоҷикистон ба номи Азамат Азимов аст, ки бархе аз манобеъ ӯ ба унвони яке аз пайвандони Абдураҳмон Азимов, раиси собиқи Идораи умури марзбонии Тоҷикистон, муъаррифӣ кардаанд.

Ба гуфтаи ин манобеъ, вазорати хориҷа дар ҳоли таҳияи санаде дар ин бора аст ва то баъд аз зуҳр баёнияе дар ин маврид интишор хоҳад дод.

Дар ҳамин ҳол, бар асоси гузоришҳо, Муродалӣ Алимардон, муъовини нахуствазири Тоҷикистон барои баррасии масоили марзи муштараки миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи сешанбеи 26 август ба шаҳри Бишкек, пойтахти он кишвар, сафар кардааст.

Хабаргузории “24kg” менависад, ки қарор аст дар мулоқоти муъовини нахуствазири Тоҷикистон бо намояндагони давлати Қирғизистон масоили таъйини хутути марзи муштараки ду кишвар баррасӣ шавад.

Сафари оқои Алимардон ба Қирғизистон дар ҳолест, ки баъд аз зуҳри рӯзи душанбе дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар асари шилики гулӯла аз сӯйи марзбонони қирғиз панҷ нафар аз сокинон дар мавзеъи мавсум ба Хоҷа Боқирғони ин ноҳия захмӣ шудаанд.

Амирҷон Отаҷонов, ёвари раиси ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, рӯзи сешанбеи 26 август дар суҳбат ба Би-би-сӣ ин иттилоъро таъйид кард. Вай гуфт, ки вазъи саломати афроди захмишуда беҳбуд ёфта ва яке аз онҳо аз бемористон мураххас шудааст.

Оқои Отаҷонов афзуд: "Дар ҳоли ҳозир раҳбарии ҳукумати вилоят ва ноҳия дар ҳоли баррасии ин ҳодиса ва таҳқиқи муттаҳамон дар он ҳастанд."

Ба гуфтаи ӯ, ҳодисаи тирандозӣ соъати 18:00 ба вақти маҳаллӣ рух дода ва тамоми афроди захмишуда ғайринизомӣ будаанд. Бархе аз хабаргузориҳо аз кушта шудани як табаъаи тоҷик дар ин даргирӣ гузориш додаанд, вале оқои Отаҷонов дар ин бора ибрози беиттилоъӣ кард.

Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи “24kg” ва “АКИpress”, хабаргузориҳои Қирғизистон, марзбонони Тоҷикистон бо истифода аз хумпораандоз ба сӯйи марзбонони Қирғиз оташ гушодаанд.

Тавре ки “АКИpress” менависад, рӯзи душанбеи 25 август иддае аз сокинони Тоҷикистон қасди тахриби пули иртиботӣ бар фарози рӯдхонаи Ғулакандозро кардаанд.

Ин афрод дар посух ба дархости марзбонони қирғиз барои даст кашидан аз ин кор ба сӯйи марзбонони қирғиз санг партоб карда ва марзбонони тоҷик ба сӯйи онҳо гулӯла шилик кардаанд. Вале ин хабаргузорӣ аз қавли масъулони марзбонии Қирғизистон менависад, ки дар ин ҳодиса марзбонони қирғиз ҷароҳат набардоштаанд.

Аммо масъулони ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯянд, ки чаҳор нафар аз сокинони захмишудаи ин ноҳия дар бемористон таҳти муроқибати пизишкон қарор доранд.

Нооромиҳо дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон, дар шимоли Тоҷикистон аз авоили соли ҷорӣ оғоз ёфтааст. Аз ҷумла, рӯзи 11 январ дар марзи муштараки ду кишвар дар Исфара миёни марзбонони тоҷику қирғиз даргирие рух дода ва бар асари он 5 марзбони қирғизу 2 марзбони тоҷик захмӣ шуданд.

Ҳамчунин, 10 июли соли ҷорӣ марзбонони қирғиз ба сӯйи сокинони рустои Ворух, ки машғули насби лӯлаҳои об буданд, аз силоҳи гарм оташ гушоданд, ки бар асари он як нафар кушта ва 10 нафари дигар захмӣ шуданд.

Даргирии дигаре ахиран дар марзи муштараки Қирғизистон ва Тоҷикистон рӯзи 9 август дар минтақаи Ҷиргатоли ин марз рух дода ва бар асари он як шаҳрванди қирғиз кушта шуд.

Имтидоди марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон 970 килуметр буда, ба далели вуҷуди арозии баҳснок танҳо 567 килуметр ё 59 дарсад аз марзи муштарак таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.

Матолиби муртабит