Ҳушдори Душанбе ба Бишкек дар мавриди 'истифода аз нерӯ' дар марз

  • 26 Август, 2014
Марзи Тоҷикистон ва ҚирғизистонImage copyrightBBC World Service
Image caption Ба далели вуҷуди арозии баҳснок танҳо 567 килуметр ё 59 дарсад аз марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон таъйин ва аломатгузорӣ шудааст

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар мавриди тирандозии марзбонони қирғиз дар як минтақаи марзӣ дар шимоли ин кишвар, ки талафоти ҷонӣ дар пай дошт, 'эътирози қатъӣ' кардааст.

Дар баёнияе, ки ин вазорат рӯзи сешанбеи 26 август мунташир кард, омадааст, ки дар робита бо ин қазия ҷониби Тоҷикистон ба масъулони Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон ёддоште фиристодааст.

Масъулони вазорат ин амали ҷониби Қирғизистонро "иғвоангез" номида ва гуфтаанд, ки ин амал дар остонаи мулоқоти мақомоти ду ҷониб метавонад дар ин рӯйдод таъсири манфӣ гузорад.

Дар ин баёния омадааст: "Вайрон карда шудани тавофуқҳои қаблан ҳосилшуда ва кӯшишҳои ҳалли масъалаҳо тавассути зӯр номақбул арзёбӣ мегардад. Вазорат афзоиши чунин иғвоҳоро дар арафаи гуфтушунидҳои муҳимми байниҳукуматӣ, ки ба муносибатҳои дуҷониба таъсири манфӣ мерасонанд, бо таассуф таъкид менамояд."

Ҳарчанд Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар ин баёния шумораи афродеро, ки дар тирандозии рӯзи 25 август тавассути марзбонони қирғиз кушта ва захмӣ шуданд, зикр накарда, аммо гуфтааст, ки дар сурати такрори чунин ҳодисаҳо дар оянда ҷониби Тоҷикистон барои дифоъ аз сокинони худ ва қаламрави кишвараш иқдомоти бештареро анҷом хоҳад дод.

Дар баёния омада: "Ҷониби Тоҷикистон дар сурати минбаъд такрор шудани чунин ҳолатҳо ҳаққи худро ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои ғайриқонунӣ ва дифоъ аз шаҳрвандон ва қаламрави худ бо истифода аз нерӯ ва имконоти мавҷуда раво медонад."

Дар даргирии баъд аз зуҳри рӯзи гузашта дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, воқеъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон, ду нафар кушта ва панҷ нафар захмӣ шудаанд.

Гуфта мешавад яке аз кушташудагон сарвон Азамат Азимов, як мақоми марзбонии Тоҷикистон дар ин минтақа будааст, ки бархе аз манобеъ ӯро ба унвони яке аз пайвандони Абдураҳмон Азимов, раиси собиқи Идораи умури марзбонии ин кишвар муъаррифӣ кардаанд.

Пахши баёнияи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар ҳолест, ки Муродалӣ Алимардон, муъовини нахуствазири ин кишвар, барои баррасии масоили марзӣ ба шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон, сафар кардааст.

Нооромиҳо дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон, дар шимоли Тоҷикистон аз авоили соли ҷорӣ оғоз ёфтааст. Аз ҷумла, рӯзи 11 январ дар марзи муштараки ду кишвар дар Исфара миёни марзбонони тоҷику қирғиз даргирие рух дода ва бар асари он 5 марзбони қирғизу 2 марзбони тоҷик захмӣ шуданд.

Ҳамчунин, 10 июли соли ҷорӣ марзбонони қирғиз ба сӯйи сокинони рустои Ворух, ки машғули насби лӯлаҳои об буданд, аз силоҳи гарм оташ гушоданд, ки бар асари он як нафар кушта ва 10 нафари дигар захмӣ шуданд.

Даргирии дигаре ахиран дар марзи муштараки Қирғизистон ва Тоҷикистон рӯзи 9 август дар минтақаи Ҷиргатоли ин марз рух дода ва бар асари он як шаҳрванди қирғиз кушта шуд.

Имтидоди марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон 970 килуметр буда, ба далели вуҷуди арозии баҳснок танҳо 567 килуметр ё 59 дарсад аз марзи муштарак таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.

Матолиби муртабит