Афзоиши мизони кумакҳои БОТ барои Тоҷикистон дар соли ҷорӣ

  • 15 Январ, 2015
Бонки Осиёии Тавсеъа Image copyrightBBC World Service
Image caption Бонки Осиёии Тавсеъа кумакҳои худ дар Тоҷикистон дар соли ҷориро ба маблағи 20 милюн дулор афзоиш додааст

Бонки Осиёии Тавсеъа ё ADB дар соли 2015 кумакҳои худ барои Тоҷикистонро ба маблағи 20 милюн дулор афзоиш медиҳад.

Бар асоси иттилоъи намояндагии ин бонк дар Тоҷикистон, бад ин тартиб мизони ин кукмак дар соли 2015 ба 79 милюн дулор хоҳанд расид.

Дар иттилоъияи, ки рӯзи панҷшанбеи 15 январ намояндагии БОТ дар Тоҷикистон пахш кардааст, гуфта мешавад, ки СиСи Ю, раиси ин намояндагӣ гуфтааст, ки мумкин аст мизони кумакҳо барои ин кишвар дар тӯлӣ сол бо дарназардошти дархостҳои давлати Тоҷикистон тағйир ёбад.

Аксари кумакҳои бонк, ки дар соли ҷорӣ барои Тоҷикистон ихтисос ёфтаанд, барои тавсеъаи бахшҳои хусусӣ, рушди арсаи роҳи оҳан, маноъбеи об ва беҳбуди шароити сармоягузорӣ дар ин кишвар масраф хоҳанд шуд.

Мизони дигари сармоя, аз ҷумлаи 20 милюн дулор ҳамчунин барои тарвиҷи сармоягузориҳо дар бахши хусусӣ ва таъмини иштиғол барои сокинони Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст.

Ин кумаки бонк, яъне афзоиши ҷойҳои корӣ дар ин кишварро коришносон бо дарназардошти коҳиши мизони сармояи интиқолии муҳоҷирони ба Тоҷикистон дар соли ҷорӣ муҳим мехонанд.

Ҳамчунин беш аз 30 милюн дулор аз ҷумлаи кумакҳои ин бонк барои рушди мудирияти захоири об ва тақвияти созгорӣ бо тағйироти муҳити зистӣ дар ноҳияи Чубек, ки боъиси афзоиши маҳсулоти кишоварзон хоҳад шуд, равона шудааст.

Беш аз 9 милюн дулор ба манзури бозсозӣ ва беҳбуди вазъи роҳи оҳан дар Тоҷикистон масраф мешавад.

Тоҷикистон аз соли 1998 ба Бонки Осиёии Тассеъа пайваст ва аз он замон то имрӯз ин бонк маблағи беш аз як милярду 300 милюн дулорро ба унвони вомҳои боимтиёз, кумакҳои молӣ ва кумакҳои фаннӣ барои ин кишвар таъйид кардааст.

Масъулони дафтари Бонки Тавсеъаи Осиёӣ дар Тоҷикистон, дар соли гузашта эълом карда буданд, ки тарҳи ҷадиди кумакҳои билоъивази ин бонк барои Тоҷикистон барои се соли оянда пешбинӣ шудааст, ки ҳазинааш 313,9 милюн дулори омрикоӣ будааст.

Матолиби муртабит