Интиқоди Зуҳуров аз раванди иҷрои тарҳи таҳкими савоҳили Панҷ
Image copyrightBBC World ServiceРаиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз раванди истифода аз кумакҳои билоъивази молии байналмилалӣ дар ин кишвар интиқод карда ва хостори шаффофияти фаъъолият дар ин бахш шуд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумон, рӯзи чаҳоршанбеи 22 январ зимни баррасии мувофиқатномаи Тоҷикистон бо Бонки Тавсеъаи Осиёӣ дар мавриди тахсиси кумаки молӣ барои иҷрои тарҳи “Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ дар баробари тағйироти иқлимӣ” гуфт, ки дар бархе маворид сарнавишти кумакҳои молии созмонҳои байналмилалӣ барои иҷрои тарҳҳои мушаххас норӯшан боқӣ мемонад.
Оқои Зуҳуров гуфт: "Масалан, созмонҳои байналмилалӣ барои таҳкими соҳили дарёҳои Тоҷикистон пул ҷудо мекунанд. Аммо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ иҷро намешаванд, дар фасли баҳор сел соҳилҳоро шуста ва харобиҳо меорад. Касе намедонад, он пуле, ки барои ин кор ҷудо шуда буд, ба куҷо рафтааст."
Ӯ аз Баҳром Аҳроров, раиси созмоне, ки масъулияти иҷрои ин тарҳро ба уҳда дорад, дар мавриди навҳаи масрафи 60 милюн сомонӣ, ки Бонки Тавсеъаи Осиёӣ барои таҳкими савоҳили рӯдхонаи Панҷ ихтисос додааст, суол кард. Вале оқои Аҳроров натавонист ба ин суол посухи мушаххас бидиҳад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳод кард, ки пас аз 1 ё 2 сол дар порлумон раванди иҷрои тарҳи “Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ дар баробари тағйироти иқлимӣ” ва истифодаи муассир аз кумакҳои молии байналмилалӣ баррасӣ шавад.
Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби кумунист ва намояндаи порлумон, низ дар иҷрои мунсифонаи ин тарҳ ибрози тардид кард ва гуфт: “Маълум нест, ки ин ожонс чи гуна соҳилҳои ҳавзаи дарёи Панҷро, ки дарозиаш беш аз 1000 километр буда ва аз Бадахшон то Хатлон тӯл мекашад, мустаҳкам мекунад. Оё ин кор бо ҷониби Афғонистон ҳамоҳанг шудааст? Зеро дар сурати як ҷониби соҳилро мустаҳкам кардан об соҳили дигар, яъне, ҷониби Афғонистонро хароб мекунад."
Ба эътиқоди оқои Шабдолов, агар дар пайи корҳои таҳкими соҳили ҷониби Тоҷикистон манотиқи назди рӯдхонаи Панҷи Афғонистон зери об монад, ин ба моҷарои байналмилалӣ мунҷар хоҳад шуд.
Зимнан, ҳазинаи тарҳи “Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ дар баробари тағйироти иқлимӣ” 21 милюн дулори омрикоӣ буда ва дар назар аст, ки ҳудуди 50 дарсади ин маболиғ барои таҳкими савоҳили рӯдхонаи Панҷ масраф шавад.
Ҳамчунин, дар чорчӯби ин тарҳ 22 милюн сомонӣ ё беш аз 5 милюн дулори омрикоӣ барои тавзеъи вомҳои кӯчак ба сокинони осебпазири ҳавзаи рӯдхонаи Панҷ, бахусус занҳо, пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон, намояндагони порлумон дар атрофи наҳваи тавзеъи ин вомҳо баҳс карда ва гуфтанд, дар ҳоле ки ин маболиғ кумаки билоъивази Бонки Тавсеъаи Осиёӣ маҳсуб мешавад, чаро ниҳодҳои Бонки миллии Тоҷикистон аз ин вомҳо барҳра дарёфт мекунанд?
Аъламхон Қодириён, муъовини вазири молияи Тоҷикистон, гуфт, ки баҳраи ин вомҳо 4,5 дарсад буда ва ин рақам аз баҳраи бонкҳои тиҷоратии ин кишвар (беш аз 24 дарсад) бамаротиб камтар аст.
Дар назар аст, ки тарҳи “Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ дар баробари тағйироти иқлимӣ” беш аз 100 хонавода дар навоҳии Панҷ, Кӯлоб, Восеъ, Дарвоз, Рӯшон ва Роштқалъаро таҳти пӯшиш қарор диҳад.
Ҳамзамон, дар иҷлоси имрӯзи порлумон мувофиқатномаи Тоҷикистон бо Бонки байналмилалии таҷдиду тавсеъа ва Анҷумани Байналмилалии Тавсеъа дар бахши маъорифро тасвиб кард.
Ҳазинаи ин тарҳ 16,2 милюн дулор буда, ин маболиғ барои беҳбуди шароити таҳсил дар макотиб ва кӯдакистонҳо ва тармиму бозсозии 30 мактаби ҳамагонӣ дар вилоёти Суғду Хатлони Тоҷикистон масраф хоҳад шуд.
Нуриддин Саидов, вазири маъориф ва илми Тоҷикистон, дар иҷлоси порлумон иҷрои ин тарҳро барои беҳбуди фаъъолияти бахши маъориф, бахусус кӯдакистонҳо, муассир арзёбӣ карда ва гуфт, ки феълан дар Тоҷикистон танҳо 10 дарсади кӯдакон ба кӯдакистонҳо фаро гирифта шудаанд, ки ин омор дар миёни кишварҳои узи Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд камтарин маҳсуб мешавад.
Оқои Саидов ибрози умедворӣ кард, ки аз тариқи иҷрои ин тарҳ ва кумаки билоъивази 250-ҳазордулории Сандуқи Ҷаҳонӣ (Global Fund) то соли 2016 мизони фарогирии кӯдакон ба кӯдакистонҳо дар ин кишвар ду баробар афзоиш хоҳад ёфт.
