Тасвиби қонун дар бораи мубориза бо гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ

Гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ амнияти иқтисодию иҷтимоъӣ ва дар маҷмӯъ, ҳастии давлати Тоҷикистонро зери хатар хоҳанд бурд.
Ин нукта ба ҳангоми баррасӣ ва тасвиби Қонуни “Мубориза алайҳи ҷароими созмонёфта” дар иҷлоси Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон таъкид шуд.
Абдуманнон Холиқов, муъовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон, ки рӯзи панҷшанбеи 7 ноябр дар ҳошияи ин иҷлос бо хабарнигорон суҳбат мекард, аз вуҷуди гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ дар ин кишвар хабар дод.
Вале ӯ гуфт, ки ба далели махфӣ ва маҳрамона будани иттилоъот дар ин замина дар бораи теъдоди чунин гурӯҳҳо ва самтҳои фаъъолияти онҳо суҳбат нахоҳад кард.
Зимнан, Вазорати умури дохила ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон борҳо дар мавриди хунсо шудани гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷинойӣ ва қочоқбари маводди мухаддир ва боздошти аъзои ин гурӯҳҳо гузориш додаанд, аммо дар бораи теъдоди эҳтимолии ин гурӯҳҳо иттилоъе пахш нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, оқои Холиқов гуфт, ки таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҷомеъа ва давлат аз ҷароими созмонёфта ва ҷилавгирӣ аз вуруди унсурҳои ҷароими созмонёфта ба ниҳодҳои давлатӣ аз аҳдофи қонуни мубориза бо ҷароими созмонёфта маҳсуб мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин қонун 10 самти мубориза алайҳи ҷароими созмонёфта, аз ҷумла, огоҳ сохтан, ифшо ва ҷилавгирӣ аз гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ, ки ба фаъъолиятҳои теруристӣ, ифротгароӣ, қочоқи инсон, маводди мухаддир, силоҳ ва маводди мунфаҷира машғуланд, муъайян шудааст.
Дар назар аст, ки дар чорчӯби ин қонун дар Вазорати умури дохила ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон воҳидҳои вижаи мубориза бо гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ ва фаромарзӣ таъсис шуда ва ҳамоҳангсозии ин муборизаро Додситонии кул ба ӯҳда гирад.
Ба гуфтаи Саттор Холов, муъовини раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, дифоъ ва амнияти Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон, тибқи ин санади ҳуқуқӣ, созмон ё ниҳоде, ки ба гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ мусоъидат мекунад, бар асоси мусаввабаи Додгоҳи олии Тоҷикистон барҳам дода шуда ва амволи он ба фоидаи давлат мусодира хоҳад шуд.
Оқои Холов гуфт, ки тарҳи қонун дар бораи мубориза алайҳи ҷароими созмонёфта аз ҷониби давлат ва дар чорчӯби Барномаи давлатии мубориза алайҳи ҷароим дар Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 ва Кунвонсиюни мубориза бо ҷароими созмонёфтаи фаромарзии Созмони Милал таҳия шудааст.
Ин кунвонсиюн рӯзи 13 декабри соли 2000 тасвиб шуда ва дар моҳи майи соли 2002 Тоҷикистон ба ин санади ҳуқуқии байналмилалӣ пайвастааст.
Ҳамасола оидот ё даромади гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷинойӣ дар ҷаҳон беш аз 500 милёрд дулор ва даромад аз қочоқи маводди мухаддир 300 милёрд дулор арзёбӣ мешавад.
