Порлумон ба хуруҷи нерӯҳои Бритониё аз тариқи Тоҷикистон ризоят дод

  • 17 Октябр, 2013
Порлумон
Image caption Порлумони Тоҷикистон мувофиқатномаи тронзити нерӯ ва муҳиммоти ҷангии Бритониё аз қаламрави Тоҷикистонро тасвиб кард

Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон мувофиқатномаи ин кишвар бо Бритониё дар мавриди тронзити нерӯ ва муҳиммоти ҷангии Бритониё аз қаламрави Тоҷикистонро тасвиб кард.

Ин санади ҳуқуқӣ дар моҳи сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони порлумони ин кишвар ирсол шуда буд.

Сайфулло Гиёев, узви Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, дифоъ ва амнияти Маҷлиси намояндагон, ки рӯзи панҷшанбеи 17 октябр ин санади ҳуқуқиро дар иҷлоси порлумон муъаррифӣ мекард, гуфт, ки тибқи ин мувофиқатнома умдатан нерӯ ва муҳиммоти ҷангии ин кишвар аз Афғонистон аз тариқи ҳавопаймо хориҷ шуда ва дар ин росто аз ҳарими ҳавоии Тоҷикистон истифода хоҳад шуд.

Оқои Гиёев гуфт, ки дар сурати вазъияти изтирорӣ ва мушкилоти фаннӣ ҳавопаймоҳои низомии Бритониё ба фурӯдгоҳҳои Тоҷикистон хоҳанд нишаст.

Ӯ гуфт, ки бар асоси ин мувофиқатнома ҷониби Бритониё ба қавонин ва муқаррароти гумрукию марзии Тоҷикистон эҳтиром гузошта ва дар умури дохилии ин кишвар мудохила нахоҳад кард.

Зимнан, мувофиқатномаи миёни Тоҷикистон ва Бритониё дар бораи интиқоли муҳиммоти ҷангӣ ва афсарони бритониёӣ аз Афғонистон тавассути қаламрави Тоҷикистон 18 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон ва Робин Орд-Смит, сафири Бритониё дар ин кишвар, имзо шуда буд.

Дар назар аст, ки то авохири соли 2014 ёздаҳ ҳазор маҳмулаи муҳиммоти ҷангӣ ва ҳудуди 3 ҳазор мошини зиреҳпӯши Бритониё аз ҳудуди Афғонистон хориҷ шаванд.

Теъдоди нерӯҳои Бритониё дар Афғонистон 9500 нафар буда ва пас аз Омрико бузургтарин нерӯи хориҷӣ дар ин кишвар маҳсуб мешавад.

Дар ҷараёни баррасии ин санад дар иҷлоси порлумон гуфта нашуд, ки Тоҷикистон аз амалиёти хуруҷи нерӯҳои Бритониё аз тариқи қаламраваш чи суде хоҳад бурд ва намояндагони порлумон низ ин мавзӯъро матраҳ накарданд.

Робин Орд-Смит, сафири Бритониё дар Тоҷикистон, пас аз имзои ин мувофиқатнома дар моҳи апрели соли ҷорӣ ба хабарнигорон гуфта буд, ки Бритониё дар ивази фароҳам кардани роҳҳои хуруҷи муҳиммоти ҷангӣ ба Тоҷикистон таҷҳизоти мудерни фаннӣ кумак хоҳад кард.

Оқои Орд-Смит таъкид кард, ки Бритониё дар садад аст ба Тоҷикистон таҷҳизоте, ки дар тирандозӣ аз он истифода намешавад, ироа дода ва ба омӯзиши афсарони тоҷик дар сохторҳои низомии ин кишвар мусоъидат хоҳад кард.

Дар назар аст, дар канори Тоҷикистон Бритониё барои хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистон аз роҳи оҳани Узбакистон низ истифода кунад.

Бритониё танҳо кишвари узви Эътилофи байналмилалӣ алайҳи терурисм дар Афғонистон аст, ки дар мавриди тронзити муҳиммоти ҷангӣ ва афсаронаш аз Афғонистон аз тариқи ҳудуди Тоҷикистон бо мақомоти ин кишвар тавофуқ кардааст.

Нерӯҳои Омрико, ки бахши аъзаме аз нерӯҳои ин эътилофро ташкил медиҳанд, барои хуруҷ аз Афғонистон аз қаламрави кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ истифода хоҳанд кард.

Феълан, аз ҷумлаи кишварҳои узви Эътилофи байналмилалӣ алайҳи терурисм дар Афғонистон шуморе аз нерӯҳои Фаронса дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе мустақар ҳастанд.

Тибқи иттилоъи Вазорати дифоъи Тоҷикистон, теъдоди умумии сарбозони фаронсавӣ 200 нафар буда, 6 ҳавопаймои ҷангии "Мираж" ва 4 ҳавопаймои борбари Фаронса дар фурӯдгоҳи Душанбе мавҷуданд.

Ин нерӯҳо ба воҳидҳои НОТУ дар Афғонистон кумаки фаннӣ ироа мекунанд.

Матолиби муртабит