Хуруҷи муҳиммоти ҷангии Бритониё аз Афғонистон бо роҳи Тоҷикистон

Душанбе ба Бритониё иҷоза дод, дар берун кашидани муҳиммоти ҷангии нерӯҳояш аз Афғонистон аз роҳҳои заминии Тоҷикистон истифода кунад.
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон ва Робин Орд-Смит, сафири Бритониё дар Душанбе рӯзи панҷшанбеи 18 апрел, дар ин замина мувофиқатномаеро имзо карданд.
Оқои Орд-Смит, ки пас аз имзои санади ҳамкорӣ бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, ҷонибҳо танҳо дар мавриди интиқоли муҳиммоти ҷангӣ аз тариқи қаламрави Тоҷикистон тавофуқ карда, вале мавзӯъи хурӯҷи сарбозону афсарони бритониёӣ тавассути ин кишвар матраҳ нашудааст.
Ӯ гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба пурхарҷ будани хуруҷи сарбозону афсарон аз роҳҳои заминӣ ба эҳтимоли зиёд ин нерӯҳо тавасссути ҳавопаймо аз Афғонистон ихроҷ хоҳанд шуд.
Теъдоди нерӯҳои Бритониё дар Афғонистон 9 ҳазору 500 нафар буда ва пас аз Омрико аз бузургтарин нерӯҳои хориҷӣ дар ин кишвар маҳсуб мешаванд.
Дар назар аст 11 ҳазор континер муҳиммоти ҷангӣ ва ҳудуди 3 ҳазор мошини зиреҳпӯши Бритониё то соли 2014 аз қаламрави Афғонистон хориҷ шавад.
Интизор меравад, Бритониё дар ивази фароҳам кардани роҳҳои хуруҷи муҳимоти ҷангӣ ба Тоҷикистон таҷҳизоти мудерни фаннӣ кумак кунад.
Дар мувофиқатномаи имзошуда миёни сафири Бритониё ва вазири хориҷаи Тоҷикистон ба мавзӯъи кумакҳои фаннии Бритониё ба Тоҷикистон ишора нашудааст ва ба гуфтаи сафири Бритониё ин масъала дар ҷараёни дидори ниҳодҳои зирабти ду кишвар баррасӣ ва ҳалл хоҳад шуд.
Ба гуфтаи ӯ, Бритониё ба ниҳодҳои низомии Тоҷикистон таҷҳизоте, ки дар тирандозӣ истифода намешавад, ироъа хоҳад кард. Ҳамчунин Бритониё дар садад аст, ба омӯзиши афсарони тоҷик дар сохторҳои низомии Бритониё мусоъидат кунад.
Гуфта мешавад, ҳамзамон бо истифода аз роҳҳои заминии Тоҷикистон, Бритониё аз роҳи оҳани Ӯзбакистон низ барои хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистон истифода хоҳад кард.
То ҳоло таърихи шурӯъи хуруҷи нерӯҳои Бритониё аз Афғонистон мушаххас нашуда, аммо ба эътиқоди сафири Бритониё ин раванд бояд дар ояндаи наздик оғоз шавад.
Мавзӯъи ироъаи кумакҳои низомии Бритониё ба Тоҷикистон бори аввал дар моҳи марти соли гузашта дар дидори Ник Ҳарвей, вазири нерӯҳои мусаллаҳи Бритониё бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ шуда буд.
Бритониё танҳо кишвари узви Эътилофи байналмилалӣ алайҳи террурисм дар Афғонистон аст, ки дар мавриди тронзити муҳиммоти ҷангиаш аз Афғонистон аз тариқи ҳудуди Тоҷикистон мувофиқат кардааст.
Омрико, ки бахши аъзами ин эътилофро нерӯҳои ин кишвар ташкил медиҳад, барои хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистон аз қаламрави кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ истифода хоҳад кард.
Роберт Блейк, ёвари вазири хориҷаи Омрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ дар ҷараёни дидораш аз Тоҷикистон дар моҳи феврали соли ҷорӣ гуфта буд, кишвараш қасди хуруҷи нерӯҳояш тавассути Тоҷикистонро надорад.
Феълан аз ҷумлаи кишварҳои узви Эътилофи байналмилалӣ алайҳи террурисм дар Афғонистон нерӯҳои маҳдуди Фаронса дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе мустақар ҳастанд.
Тибқи иттилоъи Вазорати дифоъи Тоҷикистон, теъдоди умумии сарбозони фаронсавӣ 200 нафар буда, 6 ҳавопаймои ҷангии “Мираж” ва 4 ҳавопаймои борбари Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе мавҷуд буда, ин нерӯҳо ба воҳидҳои НОТУ дар Афғонистон кумаки фаннӣ ироъа мекунанд.
Ҳоло дар Афғонистон 3 ҳазору 300 тан аз нерӯҳои Фаронса дар вилояти Каписои Афғонистон мустақар буда, Фронсуо Уллонд, раиси ҷумҳурии ин кишвар эълом дошт, дар соли ҷорӣ хуруҷи ин нерӯҳо аз Афғонистон шурӯъ хоҳад шуд.
Ҳанӯз рӯшан нест, ки нерӯҳои Фаронса аз Афғонистон аз тариқи Покистон ё кишварҳои Осиёи Марказӣ хориҷ мешаванд.
