Бритониёиҳо машғули омӯзиши фазои сармоягузории Тоҷикистон ҳастанд

Як ҳайъати мураккаб аз намояндагони ҳашт ширкати бонуфузи Бритониё дар Душанбе машғули омӯзиши вазъи иқтисоди Тоҷикистон ва шароити сармоягузорӣ дар ин кишвар аст.
Қабл аз зӯҳри сешанбеи 16 апрел, ин ҳайъат дар Маркази Исмолии шаҳри Душанбе бо тоҷирону соҳибкорони тоҷик дидор карда ва роҳҳою сатмҳои ҳамкориҳои эҳтимолиро баррасӣ кардааст.
Найҷел Петерс, раиси ширкати “British Expertise” ва раҳбари ҳайъати тиҷоратии Бритониё гуфт, барои аввалин бор чунин ҳайъати бонуфузи бритониёӣ аз Тоҷикистон дидан мекунад.
Оқои Петерс ҳадафи ин дидорро ошноӣ бо шароити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, пайдо кардани шарикони тиҷорӣ ва таъсиси корхонаву ширкатҳои муштарак унвон кард.
Ӯ гуфт, ки қаблан ба Тоҷикистон омада ва аз мушкилот дар системи бонкӣ, шаффоф набудани фаъолияти тиҷорӣ, номукаммалии системи молиёт ва дар бумбасти иртибототӣ қарор доштани Тоҷикистон иттилоъ дорад.
Аммо тоҷирони бритониёӣ мегӯянд, ин вазъ онҳоро дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои Тоҷикистон дилсард насохтааст ва дар сурати фароҳам будани шароити мусоиди сармоягузорӣ онҳо бо ин кишвар ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол, Матлуба Ӯлҷабоева, раиси анҷумани соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон гуфт, ки ҳамкории соҳибкорони тоҷик бо ҳамтоёни бритониёии худ дар марҳалаи омӯзиш қарор доштааст.
Ба гуфтаи хонуми Ӯлҷабоева, имрӯз ширкатҳои Бритониё тарҳҳои худро муъаррифӣ кардаанд ва ширкату соҳибкорони инфиродии тоҷик роҳу усулҳои ҳамкориро бо ин ширкатҳо баррасӣ мекунанд.
Дар назар аст, ҳайъати тиҷории Бритониё бо Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорат, Фаррух Ҳамроалиев, мушовири раиси ҷумҳур дар умури иқтисодӣ ва Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дидор кунад.
Бритониё аз ҷумлаи маъдуд кишварҳоест, ки ширкати ин кишвар ҳанӯз дар соли 1994, замони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ба иқтисоди Тоҷикистон сармоя ворид карда буд.
Ширкати бритониёии “Commonwealth & British Mineral Ltd” дар соли 1994 корхонаи муштараки истихроҷи тиллои “Зарафшон”-ро таъсис карда ва то соли 2007 дар Тоҷикистон фаъолият карда буд.
Баъдан ин корхона аз ҷониби ширкати чинии “ZiJin Mining Group Co.Ltd” харидорӣ шуд.
