Тасвиби мувофиқатномаҳои эътибории Чину Тоҷикистон дар Душанбе

  • 19 Июн, 2013
Порлумон
Image caption Порлумони Тоҷикистон ду мувофиқатнома дар бораи вомҳои "Эскимбонк"-и Чин ба Тоҷикистонро тасвиб кард, ки дар маҷмуъ болиғ бар 57 милюн дулори омрикоиро ташкил медиҳанд.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ду мувофиқатнома дар бораи вомҳои Бонки воридоту содироти Чин ба Тоҷикистонро тасвиб кард, ки дар маҷмуъ болиғ бар 57 милюн дулори омрикоиро ташкил медиҳанд.

Ин аснодро ба порлумон Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 19 июн муъаррифӣ кард. Ӯ гуфт, ҳаҷми умумии ин ду вом болиғ ба 57 милюн дулор буда ва ин маболиғ дар бозсозии зеристгоҳи барқии “Регар-500 квт” ва иҷрои тарҳи “Низоми худкори нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе” мавсум ба “Шаҳри бехатар” масраф хоҳад шуд.

Ин ду санад дар ҷараёни дидори расмии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз Чин дар моҳи гузашта имзо шуда буд.

Ба гуфтаи оқои Наҷмиддинов, таҷҳизоти зеристгоҳи барқии “Регар-500квт”, бахусус, трансформаторҳои баландшиддат дар муддати 30 соли истифода кӯҳна ва садамавӣ шуда ва ба бозсозӣ ниёз доранд.

Ӯ гуфт, ба ин манзур давлати Тоҷикистон аз Бонки воридоту содироти Чин, ё "Эксимбанк" ба миқдори 35,1 милюн дулор воми ботахфиф дарёфт кардааст. Саҳми давлати Тоҷикистон дар ин тарҳ 1,8 милюн дулори омрикоиро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби ширкати “Барқи тоҷик” пардохт хоҳад шуд.

Ҳамчунин, “Эксимбанк” дар чорчӯби тарҳи “Низоми худкори нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе” мавсум ба “Шаҳри бехатар” барои насби дурбинҳои амниятӣ дар ҷодаҳои пойтахт 22 милюн дулор воми дарозмуддат ва бо баҳраи андак тахсис додааст.

Вазири молияи Тоҷикистон гуфт, дар назар аст, ин бидеҳӣ аз ҳисоби маболиғи ҷаримаҳо, ки барои нақзи қавоиди ҳаракати роҳ дар шаҳри Душанбе ситонда хоҳад шуд, пардохт шавад.

Тибқи иттилоъи ин вазорат, дар соли ҷорӣ Тоҷикистон бо созмонҳои молии байналмилалӣ ва кишварҳои имдодрасон асноди ҳуқуқиро дар мавриди 11 тарҳи вом ва кумаки билоиваз имзо кардааст.

Гуфта мешавад, ҳазинаи умумии ин тарҳҳо 899 милюн сомонӣ буда ва ин маболиғ дар бахшҳои энержӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, маъориф ва беҳдошти Тоҷикистон масраф хоҳад шуд.