Тасвиби асноди муқобала бо пулшӯйӣ дар Маҷлиси миллӣ
Дар иҷлоси фавқулъоддаи Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, ки субҳи чоршанбеи 12 июн дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, қавонини марбут ба муқобала бо мавориди пулшӯйӣ ва сармоягузории террурисм тасвиб шуд.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти Маҷлиси миллии Тоҷикистон, бо таваҷҷӯҳ ба ширкати ҳайъати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи тадобири молӣ барои муқобала бо мавориди пулшӯйӣ ё ФАТФ дар шаҳри Ослои Нурвиж дар ҳафтаи оянда зарурати даъвати иҷлоси фавқулъодда ва тасвиби ин аснод ба миён омадааст.
Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 8 июни соли ҷорӣ дар мавриди даъвати иҷлоси фавқулъоддаи Маҷлиси Миллии кишвар фармоне содир карда буд.
Ду ҳафтае қабл, ба манзури ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои муқовимат ба қонунисозии даромадҳои бо роҳи ҷинойӣ бадастомада ва маблағгузории террурисм дар Тоҷикистон дар иҷлоси Маҷлиси намояндагони ин кишвар ба Кодекси ҷинойӣ, қавонини “Нотариати давлатӣ” ва “Муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории террурисм” тағйирот ворид шуда буд.
Ҳамакнун ислоҳи ин асноди ҳуқуқӣ аз ҷониби Маҷлиси улёи порлумони Тоҷикистон тасвиб шуда ва барои имзо ба раиси ҷумҳурӣ пешниҳод гардидааст.
